Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ба кор оғоз намуд

Ноябрь 20, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,   имрӯз дар  Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза»  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак таҳти унвони «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» Форуми байналмилалӣ ба кор оғоз намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар  Форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, раисон ва котибони  комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, роҳбарони муассисаҳои олии касбӣ, сохторҳои шаҳрӣ,  ҳамчунин воситаҳои ахбори омма  иштирок доранд.

Форуми байналмилалӣ бо пахши филми мустанади   «Душанбе — шаҳри имконоти рушди кӯдакон»  оид ба дастовардҳои пойтахт дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  шурӯъ гардид.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ Форумро ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалиро ба  иштирокдорон расонд.

Дар Форум гуфта шуд, ки  20 ноябр дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҷлил мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст имсол ин санаро, ки   ба  30 — солагии Конвенсияи мазкур  рост омадааст,  ба таври васеъ таҷлил намояд.

М.Муинӣ таъкид намуд, ки  «ин сана ба  калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои  таълиму тарбия дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо  ба зиндагии оянда бар дӯши онҳо вогузор шудааст».

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ҳар суханронии  хеш таъкид менамоянд, ки «мо бояд бачаҳоро дӯст дорем ва меҳру муҳабати худро дар вуҷуди поки  онҳо ҷой диҳем». Баргузории Форуми байналмилалии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» имкон  фароҳам меорад, ки дар бораи таъмини ҳаёти хушбахтона ба  кӯдакон, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ  ба воя расонидани онҳо  ва дар самти таълиму тарбия пайдо намудани  роҳҳои муосиру  таъсир мубодилаи афкор намоем», — афзуд номбурда.

Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Азим Иброҳим ҳозирини ҷамъомадро аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба  ифтихори таҷлили  30-юмин солгарди қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак табрик намуд.

Тавре зикр гардид, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак 20 ноябри соли 1989 бо Қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, 2 сентябри соли 1990 мавриди амал қарор дода шуд. Он 26 июни соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқии  мамлакат  маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин  таъкид гардид, ки то ба имрӯз  аз ҷониби Тоҷикистон конвенсияҳо, аз ҷумла Конвенсияи №138 «Оид ба  ҳадди ақали синну соли қабул ба кор» (с.1993), №182 «Оид ба манъ  ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» (2005) ва Тавсияномаи ТБМ №190 «Оид ба  манъ намудан ва тадбирҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ба тасвиб расидаанд.

Дар назди иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лучиано Калестини сухан гуфт. Номбурда оид ба татбиқи лоиҳаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак амалӣ мешаванд, маълумот дод.

Баъдан  намояндагони  вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла муовини муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода дар мавзӯи «Ҳазор рӯзи тиллоии аввали ҳаёт-калиди рушди устувор»,  муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи дастрасии кӯдак ба таҳсилот», муовини Вазири адлия Шаҳноза Нодирӣ дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода дар мавзӯи «Нақши Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак дар рушди ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ  маърӯза  карда,  оид ба муҳимият  ва нақши Конвенсия дар рушду ташаккули кӯдакони тамоми сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози назар карданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум иштирокдорони  он ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар 4 бахш — маориф ва дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ислоҳоти қонунгузорӣ ва ҳуқуқ ба иштирок мубодилаи афкор намуда, нақши соҳаҳои мазкурро дар рушду такомули кӯдакон махсус ёдовар шуданд.

Дар доираи кори ин ҳамоиши  байналмилалӣ намояндагони  комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид намуда, бо дастовардҳои кӯдакони пойтахт, ки аз  истеъдоди фавқулода ва маҳорати хоссаи онҳо шаҳодат медиҳад,    шинос гардиданд.

Иштирокчиёни Форум, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат дар пойтахти мамлакат  ҷамъ омада буданд, аз мавзеъҳои  тамошобоби  фарҳангиву сайёҳии шаҳр, аз ҷумла Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии  «Кохи Наврӯз»  боздид намуданд.

Форуми байналмилалии  «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон», ки  ба 30-солагии қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак бахшида шудааст,  ба иди ҳақиқии якдиливу якдигарфаҳмии тамоми сокинони ҷумҳурӣ таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт.

Форуми мазкур пагоҳ идома меёбад.

Рухсораи НУР,
АМИТ  «Ховар»

Ноябрь 20, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд