Иқдоми наҷиби соҳибкор. Дар арафаи Рӯзи Президент дар Рашт ба маъюбону камбизоатон се хонаи истиқоматӣ туҳфа гардид
РАШТ, 15.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории соҳибкори саховатпеша Муҳиб Бобоҷонов дар ноҳияи Рашт барои ду оилаи дорои фарзандони маъюб ва як оилаи камбизоат хонаҳои истиқоматӣ сохта ва туҳфа шуданд. Хонаҳои мазкур барои осон гардидани шароити зиндагии маъюбон сохта шуда, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии зиндагӣ таъмин мебошанд.
Сокини ноҳия Моҳрухсор Бедимоғов гуфт, ки “ман як духтари 13- солаи маъюб дорам, ки ба нигоҳубини ҳамешагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз сабаби надоштани шароити зиндагӣ дар кӯҳистон ба мушкилии зиёд гирифтор будем. Хушбахтона, бобои Муҳиб ҳамроҳи фарзандонаш дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои духтари маъюби ман хонаи замонавӣ сохта, дар арафаи Рӯзи Президенти хирадманди мамлакатамон ба мо ҳадя намуданд. Ин туҳфаро мо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қабул менамоем”.
Муҳиб Бобоҷонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки «мо вазифадорем Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати фидокорона ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва самимияту эҳтироми хосса пешвоз гирифта, ба он арч гузорем. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хосса мебошад. Дар ин рӯзи таърихӣ миллати тоҷик бояд ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ва Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сулҳофару бобаракат ва ғамхори ятимону маъюбон арҷгузорӣ намояд».
Ёдовар мешавем, ки оилаи Муҳиб Бобоҷоновро дар минтақаи Рашт ва ҷумҳурӣ бо саховатмандию бунёдкорӣ мешиносанд. Чунки бобои Муҳиб ҳамроҳи фарзандонаш дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии хеш қарор дода, барои созандагию бунёдкорӣ дар ватани хеш маблағҳои калон сарф менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки ӯ ҳамроҳи писаронаш то имрӯз 6 километр роҳи нави деҳаи Даҳанаро ба маблағи 6 миллион сомонӣ, роҳи нави ҷамоати шаҳраки Навободу деҳаи Поҷеро ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ, роҳи байни Навободу Ғармро дар масофаи 10 километр ба маблағи 6 миллион сомонӣ, роҳҳои маҳаллии даруни ҷамоати шаҳраки Навобод дар масофаи 5 километр ба маблағи 3 миллион сомонӣ, 8 километр роҳҳои маҳалли Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо маблағи 3 миллион сомонӣ, 10 километр роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нурободро ба маблағи 6 миллион сомонӣ асфалтпӯш намудаанд.
Ҳамчунин кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 18 ҳазор доллар, кандани 4 адад чоҳҳои амудӣ аз ҷуқурии 90 метрӣ, бунёди канал дар масофаи 3 километр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ, пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 15 ҳазор доллар, хати оби нӯшокӣ тавассути қубури 50 дар масофаи 10 километр бо маблағи 35 ҳазор доллар, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат ба маблағи 106 ҳазор доллар, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 100 ҳазор доллар, сангфарш намудани 12 километр роҳҳои маҳали Ҷамоати деҳоти Оби меҳнати ноҳия ва соҳилбандии деҳаи Поҷеи поён дар масофаи 1 километр ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ, сохтмони толори варзишӣ иборат аз ду ошёна бо таъмини таҷҳизоти варзишии замонавӣ ба маблағи 120 ҳазор доллар, таъмини болопӯши бинои хона-интернати шаҳри Ҳисор ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, 600 ҷуфт пойафзол ва ҷӯроб ба беморхонаи рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ ва 30 ҷуфт болопӯши беморон ба беморхонаи рӯҳии шаҳраки навободи Рашт ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ аз ҷумлаи кумак ва ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш ба анҷом расондаанд.
Хизматҳои хоксоронаи Муҳиб Бобоҷонов дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуданд.