Иштирокчиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ соҳиби диплом шуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчӣ аз Тоҷикистон Афзалшоҳ Сафарзода, ки дар номинатсияи «Овозхони эстрадӣ» дар Бозиҳои Делфӣ ҳунарнамоӣ намуд, барои неруи баланди эҷодии худ диплом гирифт. Суруди сароидаи ӯ дар барномаи ниҳоии консерти муштарак, ки 25 ноябр дар толори шаҳри Вегас баргузор шуд, на танҳо доварони сахтгир, балки тамошобинонро низ мафтун кард ва онро хуш пазируфтанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов хабар дод.
«Афзалшоҳ Сафарзода суруди Игор Николаев «Дар ёд бидор» -ро ҳамроҳ бо Оркестри давлатии симфонии Москва иҷро намуд. Барои иштирокчиёни мо ширкат дар чунин як барномаи бузурги фарҳангӣ муваффақияти калон аст. Ин метавонад барои ба даст овардани таҷрибаи нави байналмилалӣ ва инчунин барқарор кардани тамос бо ҳамкасбон аз дигар кишварҳо сабаб гардад. Иштирокчиёни дигари бозиҳо низ соҳиби дипломҳо шуданд», — зикр кард Хуршед Низомов.
Бозиҳои Делфӣ мусобиқаҳо дар соҳаҳои мухталифи санъат мебошанд, ки ба рақобати интихоботӣ шабоҳат доранд, яъне, саҳна танҳо ҷои беҳтаринҳост. Иштирокчиён ба саҳна бо ҳам ҷуфт мебароянд. Ҳар яке бо навбат ҳунарнамоӣ менамояд, онҳое, ки қобилияти камтар доранд, хориҷ мешаванд ва танҳо қавитаринҳо боқӣ мемонанд.
Дар ин муборизаи эҷодӣ 500 нафар аз 10 кишвар дар 6 номинатсия ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии моро имсол 5 нафар намояндагӣ карданд, ки 3 нафари онҳо довар буданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 26 ноябр дар вилояти Москва 14-умин Бозиҳои делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуданд. Бозиҳо ҷавонони эҷодкори аз 10 то 25-соларо муттаҳид карданд. Барномаи бозиҳои мусобиқавӣ аз 6 номинатсия иборат буданд — фортепиано, скрипка, фолклор, сурудҳои академикӣ, поп ва инчунин номинатсияи кушода. Ғайр аз ин, конфронси байналмилалӣ, лоиҳаҳои махсуси «Мо дар хотир дорем», «Театр», «Соли адабиёт дар кишварҳои ИДМ» баргузор шуданд.
Солгарди Бозиҳои 15-солагии Делфии кишварҳои узви ИДМ моҳи апрели соли 2020 дар вилояти Омск баргузор мешавад.









Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






