«ОБ – ГАРАВИ РУШДИ ДЕҲОТ ВА САЙЁҲӢ». АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти ин унвон барои эҷоди беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ озмун эълон менамоянд

Ноябрь 20, 2019 15:36

ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» озмун эълон менамояд. Даври якуми Озмун  аз 20 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то 5 сентябри соли 2020 идома ёфт. Даври дуюми Озмун аз моҳи сентябри соли 2020 то 5 сентябри соли 2021 ҷараён мегирад.

Мақсади озмун – тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз мамлакати соҳибистиқлоли хеш, ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба сарзамини Тоҷикистон,  муаррифии боигариҳои табиӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, урфу одат ва анъанаҳои мардуми он тавассути очеркҳо ва мақолаҳои публисистии дорои мазмуну моҳияти баланд мебошад.

Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон аз дохил ва хориҷи кишвар метавонанд иштирок намоянд.

Очеркҳо ва мақолаҳо бояд ба забони давлатӣ (тоҷикӣ), забони русӣ ё забони англисӣ навишта шуда бошанд.

Маводҳоро муаллифон метавонанд ба суроғаи электронии konkurs@khovar.tj ирсол  намоянд ё бевосита шакли электронии онро ба идораи АМИТ «Ховар» (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) пешниҳод намоянд.  Дар зери мавод ҳатман  нишон дода шавад: ННН (ФИО), санаи таваллуд, муассисаи таълимӣ (соли хатм), ҷойи кор ва вазифа,  суроғаи  ҷойи истиқомат ва телефон.  Муаллифон барои дарёфти маълумоти бештар бо   телефонҳои  +992 (37) 2273552;  2213176  бо мо тамос гирифта метавонанд.

АМИТ «Ховар» беҳтарин маводҳоро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва ҳайати ҳакамон аз байни маводҳои ҷойдодашуда ғолибонро муайян хоҳад намуд.

Муаллифоне, ки  се ҷои аввалро ишғол мекунанд,  бо ҷоизаву   мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравии  АМИТ «Ховар», Кумитаи рушди сайёҳӣ ва сарпарастон сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамаи ғолибони  озмун инчунин имкони иштироки ройгон дар сафари сайёҳӣ дар қаламрави Тоҷикистонро  низ ба даст хоҳанд овард.

Ноябрь 20, 2019 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид