ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар ноҳияи Данғара озмуни «Фарҳанги дастархонороӣ» баргузор шуд






