Раҳнамо Бунёд аз рўйи чор номинатсия ғолиби даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар пойтахт гардид
ДУШАНБЕ, 30.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардид. Ғолиби озмун аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд дониста шуда, ба ӯ Шоҳзоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр, шоирону нависандагон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок доштанд.
Ҷамъомадро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорон ва ғолибони озмун расонид. Ӯ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонандагони пойтахт, ки он пеш аз ҳама, дар нтиҷаи мутолиаи зиёди китоб ба даст меояд, тадбирҳои муассир меандешад. Имрӯз хонандагони шаҳри Душанбе имкон доранд аз муосиртарин китобхонаҳои шаҳр ва мактабӣ истифода бурда, китоб хонанд.
«Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид. Аз чорабиниҳои доир ба ин озмун баргузоргардида маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу эҷодгарони китоб арҷу эҳтиром мегузорад. Ҳадафи асосии Пешвои миллат аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад»,- афзуд номбурда.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва иштирокчиёни фаъоли бахшҳои он, аз ҷумла аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардан ва хондани осори адибони классик ва муосири тоҷик, ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, адибиёти ҷаҳон бо “Диплом”, “Сипоснома” ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супорида шуданд.
Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Шабеҳа, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и шаҳри Душанбе Шукрона Хоҷамқулова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятњои халқи тоҷик хонандаи муассисаи таълимии хусусии «Раҳнамо» Раҳнамо Муҳаммад ва дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон донишҷӯи факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шабнам Одинаева бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.
Ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе Ифтихор Носиралиев барои иштироки фаъолона аз рўи чор номинатсия Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе бо мукофотпулӣ тақдим карда шуд.
Ғолиби мутлақи озмун бошад, аз рўйи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Раҳнамо Бунёд эълон шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорони ҷамъомад гардид.




















Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






