Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо мулоқот намуд

Ноябрь 1, 2019 17:35

ДУШАНБЕ, 01.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, ки таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба суханони котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар медиҳад.

Зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо шарики муҳими байналмилалии Тоҷикистон буда, сатҳи мавҷудаи ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин робитаҳо дар соҳаи иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг назаррас ба ҳисоб меравад.

«Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки рушди ҳамкории бисёрҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ аз ҷониби мо ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар ин соҳаҳо муваффақиятҳои муайян ба даст омадаанд», — афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории дуҷониба, вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд.

«Ба ақидаи мо, вакилони Парлумони Аврупо дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бояд нақши муассир бозанд. Зеро шумо барои ташкили ҳамкорӣ бо шабакаҳои бузурги иҷтимоӣ дар мубориза бо ҳама зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ имконияти хуб доред», — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд.

Ноябрь 1, 2019 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муассисаҳои таҳсилӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Ҳамадонӣ 10 компютери замонавӣ тақдим карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идонаи наврӯзӣ доир гардид
Доир ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон Созишнома оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба тасвиб расид
Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад
Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар Душанбе иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад
15 март иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи назорат ва буҷети Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд