Роҳнамои аудиоии мавзеи таърихии Саразми бостонӣ бо ду забон омода шуд

Ноябрь 21, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 21.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд роҳнамои аудиоиро барои шиносоӣ бо таърихи Саразм бо забонҳои русӣ ва англисӣ барои сайёҳон омода ва дар шабакаи интернет ҷойгир намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сайёҳони дохилию хориҷӣ метавонанд роҳнамои мазкурро аз ин замима — https://izi.travel/en/aea5-historico-archeological-site-sarazm/en ройгон дастрас намуда, бо 5 макони таърихии ин мавзеи бостонӣ шинос шаванд. Замимаи мазкур аз ҷониби ҳазорон истифодабарандагон, аз ҷумла осорхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладон истифода бурда мешавад. Сомонаи мазкурро ҳар моҳ ҳафт миллион нафар аз 100 мамлакати дунё ва 2250 шаҳрҳои олам бо 59 забон тамошо мекунанд.

Яке аз нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ, ватани аввалини зироаткорон ва аввалин филизгудозони қавми ориёӣ, маскани сароғози таъриху фарҳанг ва тамаддунсозии аҷдодони тоҷикон — Саразм дар километри 12-уми қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, масоҳати умумии он зиёда аз 100 га ва ҳудуди омӯзишаш 30 гектарро ташкил медиҳад.

Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Саразм аз соли 1977 бо сардории бостоншинос Абдулло Исҳоқӣ оғоз шуда, то соли 1997 давом ёфт ва аз соли 1997 ба корҳои мазкур бостоншинос А. Раззоқов роҳбарӣ дорад. Дар ин ҷо экспедитсияҳои бостоншиносии байналмилии олимони ИМА, Франсия, Италия, Россия ва дигар мамлакатҳо дар солҳои гуногун пажӯҳиш намуданд.

Ҳафриёт собит намуданд, ки деҳшаҳри Саразм ҳанӯз 5500 сол муқаддам дар замони энеолитӣ ташаккул ёфтааст. Танҳо дар замони асри биринҷӣ саразмиҳо бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ба дигар минтақаҳо кӯч бастанд.

Саразм қадимтарин манзилу маскану шаҳраки ниёгонамон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин аввалин ёдгории кишоварзу чорводорон, ҳунарманду меъморон дар таърихи мардуми ориёно мебошад.

Бо назардошти аҳамияти бузурги таърихӣ доштанаш ва ҳамчун шаҳодати беназири куҳанбунёдиву тамаддунофарии халқи тоҷик бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 дар ин ҳудуд Мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм таъсис дода шуд.

Соли 2010 дар Сессияи 36-уми ЮНЕСКО дар шаҳри Рио-де-Женейрои Бразилия Саразм ба Феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Соли 2018 34800 нафар сайёҳон, аз ҷумла 24120 нафар сайёҳони дохилӣ ва 10680 нафар сайёҳони хориҷӣ аз мавзеи Саразми бостонӣ дидан намуданд.

Ноябрь 21, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд