Сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ аз тақвияти ҳамкории судманд бо Тоҷикистон ибрози назар карданд

Ноябрь 20, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат эътимодномаҳои сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷиро қабул намуданд. Аз  ҷумла, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия Андреас Протманн, Япония Такаюкӣ Мияшита, Украина Василий Серватюк, Шоҳигарии Нидерландия Андре Карстенс, Ҷумҳурии Португалия Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр, Ҷумҳурии Литва Гинтаутас Васиулис, Ҷумҳурии Кипр Андреас Зинонос, Шоҳигарии Таиланд Русс Ҷаличандра, Шоҳигарии Баҳрайн Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Гузал Азам Саркор ва Ҷумҳурии Нигер хонум Салоу Адама Газибо эътимодномаҳо супориданд.

Пас аз маросими эътимодномасупорӣ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ дар нишасти хабарӣ ишитрок ва суханронӣ намуданд. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Федеративии Германияро шарики муҳим дар Аврупо ва арсаи байналмилалӣ  медонад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн аз ҷумла таъкид намуд: «Ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунам муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳои моро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ боз ҳам тақвият бахшам. Германия ва Тоҷикистон ҳамасола машваратҳои сиёсӣ доир менамоянд, ки нишони хуби ҳамкории судманд мебошанд. Ҷониби Германия Тоҷикистонро бо амалӣ намудани барномаҳои иқтисодӣ ҳамаҷонба дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, Германия дар сохтмони Неругоҳи барқи обии хурди «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб саҳм гузоштааст. Инчунин Германия ба нақша гирифтааст, ки дар амалисозиии сохтмони НБО «Себзор» дар дарёи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳисса гузорад».

Дар муҷмӯъ Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявию техникиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.

Япония дар амалисозии барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита дар нишасти хабарӣ чунин ибрози назар намуд: «Ман сафири дуюми Япония бо иқомат дар Душанбе мебошам. Муносибатҳои Япония ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бе майлон рушд карда истодаанд. Хусусан дар муносибатҳои дуҷониба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон сабаби таҳрики наве ба рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Япония гардид. Дар доираи сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Япония байни Тоҷикистон ва Япония Изҳороти муштарак ба имзо расид, ки ҳоло мо барои амалисозии ҷабҳаҳои гуногуни он кӯшиш ба харҷ медиҳем. Бо аҳамияти зиёд барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад».

Дар давраи муносибатҳои дипломатӣ байни Япония ва Тоҷикистон барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Украина ва Тоҷикистон ҳамкории хуби иқтисодӣ ва фарҳнгӣ доранд

Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк аз муносибатҳои хуби Тоҷикистон ва Украина ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид намуд: «Барои ман мояи ифтихор ва саодатмандист, ки Украинаро дар Тоҷикистон намояндагӣ менамоям. Украина ва Тоҷикистонро мушорикати деринаи дӯстӣ бо ҳам мепайвандад. Ҳамчун Сафири Украина сайю кӯшишро ба он равон хоҳам кард, ки муносибатҳои дӯстона ва самимии ду давлат беш аз пеш тақвият ва рушд  намоянд. Имрӯз метавон умумияти муҳими муносибатҳои судамнди Украина ва Тоҷикистонро дар амалисозии тарҳҳои энергетикӣ ва саноатӣ зикр намуд, аз ҷумла дар сохтмон ва барқарорсозии НБО «Роғун» дар Тоҷикистон».

Дар айни замон муносибатҳои Украина ва Тоҷикистон тамоюли рушди босуръатро доро буда, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидаанд.
Украина ва Тоҷикистон инчунин ба густариш ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи мутақобилан судманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландро робитаҳои дӯстӣ ва таърихии судманд мепайванданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андре Карстенс бо таъкид аз ин муносибатҳо чунин ибрози назар кард: «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал мубодилаи афкор намудем. Шоҳигарии Нидерланд ҷонибдори таъмини амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамкориро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм тақвият бахшида, барои дар ин самт амалӣ намудани он кӯшиш хоҳем кард. Ҷониби Шоҳигарии Нидерланд омода аст муносибатҳои судмандро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гумантитарӣ густариш диҳад».

Муносибатҳои дуҷониба байни Шоҳигарии Нидерланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи такомул қарор доранд. Рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад яке аз самтҳои авлавиятноки равобити дуҷониба миёни Нидерланду Тоҷикистон бошад.

Тоҷикистон ва  Португалия омодаи таҳкими муносибатҳои судманд дар соҳаҳои гуногунанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паулу Жоао Лопеш ду Регу Визеу Пинейр дар нишасти хабарӣ, аз ҷумла чунин иброз намуд: «Ман салому таманниёти  роҳбарияи олии Португалияро ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидам. Дар оянда барои тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳои мо дар тамоми арсаҳо кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ дода, инчунин барои густариши ҳамкории бисёрҷониба дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ мусоидат менамоям. Имрӯз муколамаи сиёсӣ байни давлатҳои мо торафт тақвият ёфта истодааст. Умедворам, ки дар оянда сафарҳои мутақобила дар сатҳи олӣ баргузор гарданд ва мо омодаем иктидорҳои навро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, савдо, сайёҳӣ ва рушди технология тақвият диҳем. Португалия кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷодаи рушди байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра дастгирӣ менамояд».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ва робитаҳои дӯстона доранд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гинтаутас Васиулис, аз ҷумла иброз намуд: «Литва ва Тоҷикистон гарчанде ҷуғрофан аз якдигар дуранд, вале муштаракоти таърихӣ доранд. Инчунин Литва ва Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ алоқамандии зич доран, махсусан дар самти кӯҳнавардӣ. Ҳамасола шумораи зиёди кӯҳнавардони Литва барои фатҳи қуллаҳои кӯҳӣ ба Тоҷикистон меоянд. Бояд таъкид намоям, ки зиёда аз даҳҳо баландиҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон номи литвагӣ доранд. Литва метавонад ҳамчун давлати транзитӣ барои ҳамлу нақли молу маҳсулот тариқи нақлиёти автомобилӣ мусоидат намояд».

Бояд таъкид намуд, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Ҷумҳурии Литва ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Тоҷикистон ва Кипр муколамаи сиёсиро дар чоҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва СММ ба роҳ мондаанд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кипр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Зинонос дар нишасти хабарӣ, аз ҷумла чунин гуфт: «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикру пешниҳодҳои худро бобати рушду густариши муносибатҳои Кипру Тоҷикистон иброз намудам. Ҷонибҳо ба беҳтар намудани муносибатҳо, тақвият бахшидани ҳамкорӣ байни Кипру Тоҷикистон таъкид намуда, изҳори назар намуданд, ки дар ин самт иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст. Ҷумҳурии Кипр омода аст дар оянда тамоми масъалаҳоеро, ки барои Тоҷикистон ҷолиби диққат мебошанд, дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намояд».

Ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд бомаром рушд меёбад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Русс Ҷаличандра дар нишасти хабарӣ, аз ҷумла зикр намуд: «Аз барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол сипарӣ мегардад. Дар ин росто таманниёти беҳтарини Ҳукумат ва мардуми Таиландро ба мардуми Тоҷикистон мерасонам. Барои рушд додани муносибатҳо байни Таиланд ва Тоҷикистон имкониятҳо ва иқтидори бузург мавҷуд мебошад, ки онро дар оянда бояд ба таври самаранок истифода намуд. Ҳамчун сафир омода ҳастам барои беҳтар намудани муносибатҳо байни Шоҳигарии Таиланд ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоям».

Бояд зикр намуд, ки тӯли муносибатҳои дипломатӣ рушди пойдори муносибатҳои гуногунҷанба ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкории бисёрҷониба ба назар мерасад. Ҳоло муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Шоҳигарии Таиланд ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати рушд қарор доранд.

Тоҷикистон ба ҳамкории судманд ва созанда бо Шоҳигарии Баҳрайн назари нек дорад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Баҳрайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим Муҳаммад Абдулқодир дар нишасти хабарӣ чунин зикр намуд: «Ман басо шарафмандам, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Баҳрайн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома супорида, ба фаъолият оғоз менамоям. Дар ҷараёни мулоқот паёми шодбошӣ ва самимии Шоҳи Баҳрайнро ба Президенти Тоҷикистон расонидам».

Миёни Шоҳигарии Баҳрайн ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидаанд. Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Баҳрайн самтҳои асосӣ ва роҳҳои рушди минбаъдаи муносибот ва ҳамкории ду давлатро дар бар мегирад.

Тоҷикистон ва Бангладеш пайванди фарҳангӣ ва таърихӣ доранд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Гузал Азам Саркор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна ибрози назар намуд: «Ҷумҳурии Халқии Бангладеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ муносибатҳои хуб доранд. Инчунин мо дар доираи ҳамоишҳои байналмилалӣ ҳамкории хуб дорем ва ҷумҳуриҳои мо дар бисёр масъалаҳо назари яксон доранд. Муносибатҳои тиҷоратии Бангладеш ва Тоҷикистон рушд карда истодаанд, гарчанде ки дар ин ҷода иқтидорҳои бузурги истифоданашуда вуҷуд доранд. Ҷумҳурии Халқии Бангладеш  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пахта воридот мекунад ва мо омадаем дар оянда муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро ба сатҳи аз ин ҳам баландтар расонем».

Ноябрь 20, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод
Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
Раванди амалишавии лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд