Сарҳадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ мулоқот намуданд

Ноябрь 11, 2019 15:33

ДУШАНБЕ, 11.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр  дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ҳайати роҳбарияти  Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва     Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти давлатии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии фармондеҳони ҳарду ҷониб  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Руслан Мирзаев мулоқот намуданд. 

Дар вохӯрии мазкур  масъалаҳои  рушду такомули минбаъдаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва дӯстона, инкишофи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи ҳифзи сарҳади давлатӣ миёни мақомоти сарҳадии ҳарду давлат мавриди  баррасӣ  қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, миёни намояндагони сарҳадии ҳарду  давлат дар  масъалаи мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва яроқу аслиҳа, терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои қочоқи маводи мухаддир,  фаъолияти гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноятпеша,  муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ноябрь 11, 2019 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд