Тағйирёбии иқлими сайёра: Пешвои миллат аз таъсири манфии он ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, воқеъ дар шаҳри Париж дар ҷаласаи 40-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ карданд. Бо дарназардошти нақши назарраси Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар масъалаи об ва пайваста матраҳ намудани мавзӯи тағйирёбии иқлим дар чорабиниҳои байналмилалӣ, хосатан дар Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари ташаббускор дар ҷаласаи “Тағйирёбии иқлим” бо пешниҳодҳои нав сухан гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он имрӯзҳо яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, таъсири манфии он ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, дар Тоҷикистон, ки дорои 13 ҳазор пирях мебошад, аз таъсири тағйирёбии иқлим ҳазор пирях нобуд гардидааст. Ин дар ҳолест, ки то шаст фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. “Тамоми кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ, ки метавонад боиси обхезиву хушксолиҳои шадид гардида, ба вазъи обу энергетика ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонад, нигарон мебошанд”, — таъкид карданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо назардошти ин мушкилот, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ЮНЕСКО дар баробари андешидани тадбирҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ ба экспедитсияи пажӯҳишии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.
Ҳамчунин Президенти мамлакат дар охири суханронӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим чанд пешниҳоди дигари муҳим, ба монанди дастгирии ҳамаҷонибаи истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди «сабз» мегузорад, мусоидати ҳамаҷониба намудани кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пурзӯр кардани мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва бо ин мақсад мавриди амал қарор гирифтани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, шомил намудани мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз, расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷонибаи кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ ироа намуданд.
Имсол таъсири гармшавии ҳаво ба захираҳои обии Тоҷикистон чӣ гуна буд?
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббус нишон додан дар коҳиши тағйирёбии иқлим худ низ яке аз давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2015 зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 махсусан таъкид намуда, иброз дошта буданд, ки “шароити мураккаби кўҳсор ҳамчунин дар байни кишварҳои қитъаи Авруосиё Тоҷикистонро нисбат ба тағйироти вусъатёбандаи иқлим ба давлати аз ҳама зиёд осебпазир табдил медиҳад”.
Паёмади манфӣ доштани тағйирёбии иқлимро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 Барномаи амали миллиро доир ба коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим таҳия намуд, ки он дурнамои асосии фаъолияти Тоҷикистонро барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, зарурати таҳкими иқтидор барои омўзиши минбаъда ва бахшҳои асосии ҳамкории байналмилалиро муайян мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бойи минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, дар ҳудуди он беш аз 13 000 пирях мавҷуданд, ки дар ташаккули обу дарёҳои минтақа нақши назаррас доранд. Аммо дар баробари доштани захираҳои зиёди обӣ Тоҷикистон дар навбати худ яке аз мамлакатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим, бахусус дар фасли гармо мебошад.
Маркази омӯзиши пиряхҳо: коҳиши пиряхҳо ба назар мерасад
Соли гузашта (2018) дар пиряхи Зулмарти Помири Шарқӣ нуқтаҳои реперӣ (асбоби махсусе, ки баландии нуқтаи заминро нисбат ба сатҳи мувозӣ нишон медиҳад) ва моҳворавӣ гузошта, имсол (2019) ҳангоми сафар ба он ҷо маълумот ба даст овардем, ки қисми забонаи пирях қариб 1-1,5 метр поён фаромадааст, аммо дар қисми болоии он боз барф ҷамъ шуда истодааст. Ин нуктаро директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ), профессор Абдулҳамид Қаюмов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт. Номбурда таъкид намуд, ки натиҷаи таҳқиқоти нахустини Маркази омӯзиши пиряхҳои АИ ҶТ нишон дод, ки пиряхҳо коҳиш ёфта, дар ҳаракат ҳастанд ва ин далели он аст, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо вуҷуд дорад.
Ба иттилои манбаъ, таъсиррасонии тағйирёбии иқлимро ба пиряхҳои Тоҷикистон ба назар гирифта, Маркази омӯзиши пиряхҳо дар нақша дорад, ки то охири соли 2019 шумораи аввали «Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро нашр намуда, дар он номи пиряхҳоеро, ки аз меъёр зиёд коҳиш ёфтаанд ва ё аз байн рафтаанд, бо маълумоти ҷуғрофии онҳо ворид намояд. «Дар маҷмӯъ, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷае, ки дар назди Маркази омӯзиши пиряхҳо гузошта шудааст, ин омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва ҳавзаҳои назди пиряхҳо ва ё болои онҳо мебошад, ки ҳангоми канда шудани онҳо селҳои пиряхӣ ба вуҷуд меоянд ва метавонанд ба иқтисодиёти Тоҷикистон хисороти зиёд оранд», — изҳор дошт профессор.
Бояд зикр намуд, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо моҳи апрели соли 2018 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳадафи он аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ омӯхтани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад. Давоми фаъолият аз ҷониби Марказ барои дақиқ намудани вазъи пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои зиёд гузаронида шуда, дақиқияти ҳолати пиряхҳо муайян гардидааст. «Агар соли 2018 барои омӯзиши пиряхҳо мо 5 экспедитсия гузаронида бошем, пас имсол мо дар нақша дорем, ки 11 экспедитсия гузаронем. Аз ин ҳисоб то моҳи августи соли равон 8-тои онро аллакай гузаронидем», — иттилоъ дод А. Қаюмов.
Дар аксҳо ( аз чап ба рост): 1) Роҳпаймоӣ ба мавзеи омӯзиши пиряхи болооби дарёи Варзоб, соли 2019, 2) Омӯзиши қабати барф дар пиряхи Зулмарти Помири Шарқӣ, соли 2019, 3) Омӯзиши обшавии қабати болои пиряхи Якарчаи болооби дарёи Варзоб, соли 2019).
Ба иттилои манбаъ, маҳз далелҳо ва дастовардҳои Маркази омӯзиши пиряхҳо имкон доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи ягонаи мониторинги пиряхҳои ҷаҳонӣ дохил шавад. «Ин имкон медиҳад, ки Марказ омӯзиши пиряхҳоро дар сатҳи баланд гузаронида, натиҷаи онҳоро бо талаботи ҷаҳонӣ пешниҳод намояд»,- таъкид менамояд профессор А. Қаюмов.
Нигаронии мутахассис аз он аст, ки ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз лиҳози хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ҷойи 138 – умро ишғол намуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми охиронро касб намояд ҳам, вале бо вуҷуди ин ҷумҳурии мо яке аз мамлакатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад. «Азбаски иқтидори мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар ба назар мерасад ва раванди тағйирёбии он хеле шадид аст, тағйироте, ки дар пиряхҳои мо дида мешаванд, дар дигар кишварҳо камтар ба мушоҳида мерасанд», — изҳор дошт А. Қаюмов.
Воқеан ҳам, тибқи иттилои бадастомада, тобистони соли 2019 сатҳи дарёҳои Тоҷикистон аз ҳисоби таъсири гармшавии ҳаво ба пиряхҳо зиёд шудааст, ки ин таваҷҷуҳро ба масъалаи тағйирёбии иқлим бештар менамояд. Бояд гуфт, ки тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи обу ҳавошиносӣ, моҳи июли имсола гармтарин моҳ дар сайёра дониста шудааст.
Бақайдгирии миқдори зиёди сатҳи оби дарёҳои асосии Тоҷикистон
Шурӯъ аз даҳаи дуюми моҳи июли соли 2019 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати баланд ба қайд гирифта шуда, он дар водиҳо ҳамарӯза аз 40◦С боло буд, ки ин таъсири худро ба сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистон низ расонид.
Дар ин бора сардори шуъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидҷон Ҳамидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Ба иттилои мавсуф, моҳи июли соли равон дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 36◦С то 40◦С расид, ки натиҷаи он дар дарёҳои асосии ҷумҳурӣ, бахусус дарёҳое, ки манбаи ғизогириашон аз ҳисоби пиряхҳо ва барф мебошад, ба монанди дарёи Вахш, Зарафшон, Панҷ ва Кофарниҳон сатҳи об аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шуд. Бояд гуфт, ки нисбат ба соли 2018 имсол дар фасли гармо, бахусус моҳҳои июл ва август, сатҳи оби дарёи Кофарниҳон 40-45%, дарёи Зарафшон 30%, дарёи Вахш 9%, дар болооби дарёи Панҷ дар мавзеи Ишкошим 21% ва шохобҳои калони дарёи мазкур, аз ҷумла, Ғунд 7% ва Ванҷ 21% аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти манбаъ, дар ҳавзаи дарёҳои Ёқсӯ, Қизилсӯ ва Исфара моҳи июли соли 2019 сатҳи оби дарёҳо дар ҳадди меъёр боқӣ монда буд.
Вобаста ба роҳҳои пешгирии фаромадани сел аз ҳисоби зиёдшавии сатҳи обҳои асосии мамлакат шуъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шуъбаи пешгӯии боду ҳавои агентии мазкур, шурӯъ аз 11 июли соли 2019 то аввалҳои моҳи августи соли равон оид ба баландшавии сатҳи дарёҳои ҷумҳурӣ чандин маротиба огоҳӣ дода буданд.
Умеда Юсуфӣ: «Имсол нисбат ба соли гузашта хисорот аз ҳисоби обхезӣ камтар буд»
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тобистони имсола, махсусан моҳи июл ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта гармтар буда, таъсири тағйирёбии иқлим бештар эҳсос гардид. Тавре сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол дар натиҷаи баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии сатҳи оби дарёҳои мамлакат бештар дар қисми ҷануби мамлакат, бахусус ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва Панҷ ва қисми шимоли ҷумҳурӣ- шаҳри Панҷакент ва атрофи он, ноҳияҳои Ашт ва Конибодоми вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 4 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд.
«Аз аввали соли 2019 то охири моҳи августи ҳамин сол аллакай 400 хоҷагӣ аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар ҳамин давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 700 ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 40 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат зарар расонид», — афзуд У. Юсуфӣ.
Ба иттилои манбаъ, зарари моддии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз аввали соли 2019 то охири моҳи августи ҳамин сол қариб 29 млн. сомониро ташкил дода, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо дар маҷмӯъ, 22 нафар шаҳрванди мамлакат ба ҳалокат расиданд.
Сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки мавқеи ҷуғрофии мамлакати мо барои рух додани ҳама намуд ҳодисаҳои табиӣ имконпазир буда, шумораи минтақаҳои хавфнок дар ҳудуди ҷумҳурӣ 381 адад мебошад.
«Аз ин рӯ, дар он шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбатан осебпазир буда, дар натиҷаи баландшавии сатҳи оби дарёҳо рахнашавии соҳилҳо низ ба назар мерасид, бурдани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ имконият дод, ки имсол нисбат ба соли гузашта хисорот аз ҳисоби обхезӣ камтар ба қайд гирифта шавад», — изҳор дошт У. Юсуфӣ.
Нигаронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз рафтори нодурусти бархе аз шаҳрвандони мамлакат нисбат ба табиат мебошад.
Ба иттилои манбаъ, гарчанде тағйирёбии иқлим як омили зиёдшавии сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел аз ин ҳисоб бошад, пас аз ҷониби дигар, бархе аз шаҳрвандон барои ҷамъоварии сангу шағал аз дарёҳо машғул шуда, маҷрои дарёҳоро дигар мекунанд, инчунин партовҳоро дар рӯдҳо мепартоянд, ки ин пеши селпартобҳоро мегирад.
Ҳамчунин аз он ҷойҳое, ки бо мақсади гирифтани пеши роҳи селҳо дарахт шинонида мешавад, шаҳрвандон дарахтонро мебуранд, иттилоъ дод У. Юсуфӣ.
Ҳаҷми хориҷшавии газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон кам шудааст
Коршиноси масоили экологӣ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев тағйирёбии босуръати иқлимро дар сайёра тасдиқ намуда, бо такя ба маълумоти коршиносони сатҳи байналмилалӣ иттилоъ дод, ки дар қиёс ба 150 сол пеш ҳарорат дар кураи Замин тақрибан 1◦С баланд шудааст.
«Чунин андешаро коршиносони сатҳи байналмилалӣ бар он асоснок мекунанд, ки миқдори гази карбон дар ҳавои атмосфера 150 сол пеш тақрибан 0,26% — ро ташкил медод, ки ин нишондод ҳоло ба 0,38% расидааст», — изҳор дошт Ҳ. Асоев.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои камтарин хориҷкунандаи гази карбон ба ҳавои атмосфера дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар пешгирии тағйирёбии иқлим нақши муассир дорад.
«Коршиносони байналмилалӣ муайян намудаанд, ки ҳаҷми хориҷшавии газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон аз 24 гигатон 4 гигатон кам шуда, дар муқоиса ба дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯйи миқдори партовҳои газҳои гулхонаӣ 5 маротиба камтар ба назар мерасад», — илова кард Ҳ.Асоев. Дар асоси ин далелҳо муайян мегардад, ки сол то сол хориҷшавии газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон кам шуда истодааст ва ин раванд метавонад то андозае осебпазирии захираҳои обии Тоҷикистон, яъне пиряхҳоро аз ҳисоби тағйирёбии иқлим коҳиш диҳад.
Тоҷикистон зарур шуморид, ки барои мушаххас намудани омилҳои таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим дар мамлакат ва тавсеаи ҳамкорӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим се Паёми миллӣ оид ба Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим (солҳои 2002, 2008 ва 2014) — ро қабул намояд. Тоҷикистон ҳамчунин дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим фаъолияти мунтазам дорад.
Он, аз ҷумла ба Конвенсияи Вена оид ба ҳифзи қабати озон (с. 1996), Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва Ислоҳоти лондонии замимаи он (с. 1997), Конвенсияи СММ доир ба гуногунии биологӣ (с. 1997), Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (с. 1997), Конвенсияи Қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим (с. 1998), Конвенсияи Ромсар оид ба заминҳои обӣ – ботлоқии дорои аҳамияти байналмилалӣ (с. 2000), Конвенсияи ҳифозати намудҳои кӯчии ҳайвоноти ваҳшӣ (с. 2000) ва Конвенсияи Орхус доир ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки аҳли ҷамъият дар раванди қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолат дар мавриди тамоми масъалаҳои вобаста ба муҳити зист (с. 2001) имзо гузошта, фаъолияти худро дар сатҳи байналмилалӣ низ густариш додааст.
21 октябри соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи Киото ба Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлимро низ эътироф намуд.
Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»