Театри «Лӯхтак» дар Фестивали байналмилалии «Санъати театрӣ-марҳилаи хушбахтӣ» дар Ашқобод ширкат меварзад

Ноябрь 18, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2019./АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 25 ноябр гурӯҳи эҷодии Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри  Душанбе дар Фестивали 3-юми байналмилалии «Санъати театрӣ-марҳилаи  хушбахтӣ» дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ширкат меварзад. Дар ин бора роҳбари бадеии театри мазкур Наргис Розиқова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар фестивал гурӯҳи эҷодии театр бо намоиши «Кӣ гунаҳгор?»-и муаллиф Лев Кожевников, коргардон — Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Изатулло Сафарзода  ҳунарнамоӣ мекунад. Мусиқӣ барои намоиш аз ҷониби Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оҳангсоз Амирбек Мусоев омода шудааст. Наргис Розиқова дар бораи қисмати намоиш маълумоти мухтасар дода, гуфт, ки ин спектакл барои доираи васеи тамошобинон пешбинӣ шудааст. Аз тамошои он наврасон ғизои маънавӣ мегиранду калонсолон маънои ҳаётро аз нав меомӯзанд. «Намоиш хеле ибратбахш аст. Одамоне, ки гуноҳ ва дигар ҷиноятҳо содир мекунанд, гунаҳкорро дар худ не, балки дар дигарон меҷӯянд. Худро сафед карда, ҳама айбро ба гардани шайтон меовезанд, вайро гунаҳкор мекунанд. Ин фалсафаи абадии ҳаёт аст. Намоиш дар мавзӯи тарс, нопокӣ ва хислати заифи одам асос ёфтааст. Мо аз мардум даъват ба амал меорем, ки бори дигар ба кирдорҳои худ нигоҳ карда, хулоса бароранд».

Мавриди зикр аст,  ки театр бо намоиши мазкур соли 2013 дар  аввалин Фестивали байналмилалӣ байни театрҳои лӯхтаки «ЭКИЯТ» дар шаҳри Қазони Тотористон иштирок карда буд. Инчунин мусоҳиб баён намуд, ки дар Фестивали 3-юми байналмилалии «Санъати театрӣ-марҳилаи хушбахтӣ» гурӯҳҳои театрӣ, санъатшиносон ва мутахассисони касбӣ аз тамоми ҷаҳон ширкат меварзанд. Дар назар аст, ки дар баробари намоишҳои театрӣ, намоишгоҳҳо, вохӯриҳо, конфронсҳо ва мастер-классҳо баргузор гардида, барои меҳмонон тамошои осорхонаҳо ва сайругашт дар чойҳои диданбоби пойтахти Туркманистон ташкил карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 15 апрели соли 2012 Фестивали I байналмилалии театрӣ «Санъати театрӣ -марҳилаи хушбахтӣ» дар Ашқобод баргузор гардида буд. Дар Фестивали II байналмилалии «Санъати театрӣ-марҳилаи тавоноӣ ва хушбахтӣ», ки аз 15 то 17 апрели соли 2014 дар Ашқобод баргузор шуда буд, 16 гурӯҳи театрӣ аз 14 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.

Ноябрь 18, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид