ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 евро аз 10.6732 то 10.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 9.6932 сомонӣ;
1 евро – 10. 6732 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1513 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 9.6932 то 9.7000 сомонӣ;
1 евро аз 10.6732 то 10.8000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1505 то 0.1513 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».