Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид

Ноябрь 22, 2019 15:43

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории конфронси илмию амалӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, доираи васеи олимону мутахасисон ва коршиносони ватаниву байналмилалӣ муҳокима карда шуд.

Конфронси мазкур бахшида ба 20-солагии таъсиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ доир шуда, мақсад аз баргузории он баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан  ба ҳадафҳои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 мебошад.

«Зеро кумаки аввалини тиббию санитарӣ  яке аз вазифаҳои асосии соҳаи тандурустӣ буда, қисми асосии фаъолияти онро ташкил  медиҳад. Он ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамаи равандҳои  инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳасуб мешавад»,- гуфта шуд дар конфронс.

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фарида Худойдодова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд: «Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат   ба тибби оилавӣ замина гузошт, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ муфид мебошад».

Гуфтан бамаврид аст, ки яке аз роҳҳои афзалиятноки асосии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки аз Стратегияи миллии солимии аҳолии мамлакат  барои солҳои 2010-2020 бармеояд, ин рушди сифатноки кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад, ки ба тибби оилавӣ асос ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои мубрами рушди кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавиро муҳокима ва вазифаҳои минбаъдаро барои солҳои 2020-2030  муайян намуданд.

Ноябрь 22, 2019 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд