Вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории конфронси илмию амалӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, доираи васеи олимону мутахасисон ва коршиносони ватаниву байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
Конфронси мазкур бахшида ба 20-солагии таъсиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ доир шуда, мақсад аз баргузории он баррасии ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди хизматрасониҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зикр гардид, ки кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 мебошад.
«Зеро кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз вазифаҳои асосии соҳаи тандурустӣ буда, қисми асосии фаъолияти онро ташкил медиҳад. Он ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамаи равандҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа маҳасуб мешавад»,- гуфта шуд дар конфронс.
Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фарида Худойдодова дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд: «Ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба тибби оилавӣ замина гузошт, ки барои ҳифзи саломатии аҳолӣ муфид мебошад».
Гуфтан бамаврид аст, ки яке аз роҳҳои афзалиятноки асосии ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки аз Стратегияи миллии солимии аҳолии мамлакат барои солҳои 2010-2020 бармеояд, ин рушди сифатноки кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад, ки ба тибби оилавӣ асос ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни конфронс масъалаҳои мубрами рушди кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз рӯи принсипҳои тибби оилавиро муҳокима ва вазифаҳои минбаъдаро барои солҳои 2020-2030 муайян намуданд.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






