«Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон»-таҳти ин унвон симпозиуми миллӣ сурат гирифт

Ноябрь 19, 2019 14:25

ДУШАНБЕ, 19.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон» симпозиуми миллӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар симпозиуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, Академияи илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Диловар Қодирзода мақсад аз баргузории симпозиумро баррасии вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар мамлакат арзёбӣ намуда, гуфт: «Дар тӯли солҳои фаъолияти Марказ мутахассисони он ба таҳлилу баррасии равандҳои ҷории сиёсӣ ва оянданигарии амалӣ дар самтҳои гуногуни рушди мамлакат машғуланд. Аммо, аҳамияти махсуси ин симпозиум дар он аст, ки мавзӯи вазъ ва рушди сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон   бори аввал ба таври алоҳида баррасӣ мегардад».

Аз ин рӯ, — гуфт мавсуф,  метавон зикр намуд, ки симпозиуми имрӯза на танҳо як  ҷамъомади илмиву назариявӣ, балки нишасти муҳиме барои мушаххас намудани роҳу усулҳои ташаккули равандҳои сиёсӣ ва афзалияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зикр намуд, ки на танҳо рушди сиёсатшиносии амалӣ, балки рушди сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни алоҳидаи таълимӣ ва илми алоҳида барои ҷомеаи мо раванди нисбатан нав мебошад.

Зеро,- гуфт ӯ, дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва як қатор давлатҳои дигари собиқи сотсиалистӣ сиёсатшиносӣ ба сифати фанни мустақил ва шохаи алоҳидаи илм эътироф намегардид ва ҳамчун илми буржуазӣ дониста мешуд. Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва фанни мустақил эътироф гардид.

«Агар ба ин масъала аз назари таърихи афкори сиёсии халқи тоҷик ва таърихи давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нигарем, илми сиёсат ва таҳлили равандҳои амалии сиёсӣ дар фарҳанги мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар давраи бостон,   асрҳои миёна ва замони маорифпарварӣ мутафаккирон ва давлатмардони мо на танҳо таҳлилҳои амиқи сиёсӣ, балки рисолаҳои бузурги сиёсатшиносӣ бар ҷой гузоштаанд, ки  дар онҳо вазъияти сиёсии замони худашон таҳлилҳои амиқ ёфтааст», — илова намуд мавсуф.

Масрур Абдуллозода афзуд, ки «дар ин радиф танҳо ҳамчун намуна аз рисолаи «Тадбири  манзил»- и Ибни Сино, «Сиёсатнома»- и Низомулмулк, «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ, «Наводир- ул-вақоеъ» ва  «Рисолаи таърихӣ»-и аллома Аҳмади Дониш ёдовар шудан мумкин аст».

Иштирокдорони симпозиуми миллӣ  оид ба мавзӯъҳои «Сиёсатшиносии амалӣ: барои кӣ ва барои чӣ?», «Иттилоотонии сиёсати ҷавонон дар ҷомеаи муосир», «Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар раванди тадқиқоти сиёсӣ», «Нақши сиёсатшиносии амалӣ дар таъмини амнияти миллӣ» ва ғайра миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Ноябрь 19, 2019 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». 60 нафар иштирокчии фаъоли озмун қадрдонӣ гардиданд
Ба ҷазираҳои Идзу ва Огасавараи Ҷопон сунами таҳдид менамояд
Дар Хуросон вобаста ба пешгирии хурофот ва ифротгароӣ бо ходимони дин вохӯрӣ доир гардид
Дар Фаронса мониторинги тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд доир гардид
Дар Кушониён масъалаи хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2705 гектар шолӣ кишт намуданд
Сохтмон, хизматрасонӣ, зеҳни сунъӣ: муштариёни Хатлон аз ҷузъиёти алоқаи мобилӣ огоҳ гардиданд
Дар корхонаи «Солиев С.К»-и Хуҷанд ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол гардидааст
Дар Эрон теъдоди ҳалокшудагони таркиш дар кони ангишт ба 50 нафар расид
Намояндагони Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Чин иштирок намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад