Бонувони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 декабр дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт 17-умин Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс (World Cup of Boxing Oil Countries) баргузор шуд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг пас аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Россия Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова дар финал аз намояндаи дигари кишвари мизбон Даря Абрамова мағлуб шуда, соҳиби ҷои дуюм шуд.
Шоира Зулқайнарова дар чорякфинали вазни 60 кг бар Анастасия Горожантсева (Россия) ғалаба карда, дар нимфинал аз намояндаи дигари Россия Наталия Шадрина шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро ишғол намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс аз рӯи 8 вазн миёни мардон, 5 вазн миёни бонувон доир шуда, дар он 127 нафар варзишгарон (87 мард, 40 зан) аз 23 давлати дунё иштирок намуданд.








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






