БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИНШООТҲО ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳраки нави замонавӣ барои 5 ҳазор нафар истиқоматкунанда бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 18.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 17 декабр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд. Дар даромадгоҳи Кӯлоб меҳмононро раиси шаҳр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешвоз гирифтанд. Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш аз корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ, воқеъ дар маҳ аллаи Боқӣ Раҳ имзода дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии дуқабата дорои 14 синфхона буда, пас аз мавриди баҳ рабардорӣ қарор гирифтан 240 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бино аз тарафи ҶДДМ «Тарроҳ » дар масоҳати 0,70 гектар замин бунёд мегардад.
Сарвазири мамлакат инчунин бо рафти корҳои сохтмонии бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳ ри Кӯлоб» шинос шуданд. Маълумот дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, 43 ҳуҷра хоҳад дошт, ки аз ин шумора 28 синфхона, 2 китобхона, 2 озмоишгоҳ, толори маҷлисгоҳ, 2 анбор ва дигар ҳуҷраҳои марказонидашуда бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар оянда дар бинои навсохт 500 донишҷӯ дар ду баст таҳсил карда метавонанд.
Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Кӯлоб дар доираи сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои 9-ошёнаи хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳ ри Кӯлоб» барои 700 ҷой, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бунёд мешавад, инчунин аз рафти корҳои сохтмонии маркази хизматрасонии 5-ошёна дар хиёбони И. Сомонӣ, сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, маркази хизматрасонӣ дар маҳаллаи «Дӯстӣ» бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, дар хиёбони И. Сомонӣ аз рафти корҳои сохтмонии бинои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонии 5-ошёна, ки дорои зиёда аз 50 ҷои корӣ хоҳад буд, дидан карданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин марказ фаъолиятҳои хизматрасонии бонкӣ, фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва таҷҳизотҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Қоҳир Расулзода дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб, ки навтаъсис аст, бо лоиҳаи сохтмони шаҳраки навбунёд барои 5 ҳазор истиқоматкунанда шинос гардид. Тибқи лоиҳа дар ин шаҳрак бунёди 292 хонаи истиқоматии якошёна, 42 хонаи истиқоматии дуошёна, биноҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои хизматрасонии маишӣ, бинои Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, қасри фарҳанг, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдо, гулгашт барои фароғати мардуми маҳалла дар масоҳати 3,9 гектар пешбинӣ шудааст. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, тибқи маълумоти раиси ҷамоат, 4,5 ҳазор нафар эҳтиёҷмандони хонаҳои истиқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бо сохтмони ин шаҳрак масъалаи норасоии манзил ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Сарвазири мамлакат ба идораҳо ва шахсони масъул супориш дод, ки манзилҳои истиқоматӣ бояд тибқи талаботи шаҳрсозии муосир бунёд гардида, ба эҳтиёҷмандон дар асоси хулосаи комиссияи дахлдор ва бо нархҳои дастрас пешкаш карда шаванд.











Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






