Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид

Декабрь 1, 2019 08:47

ДУШАНБЕ, 01.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди саёҳӣ хабар медиҳад.

Дар кори Шӯро роҳбарони аввали вазорату идораҳо, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иброз дошт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан инфрасохтори муосири сайёҳӣ дар маҳалҳои дурдаст ва мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бунёд гардида истодаанд, ки ин омил сабаби ҷалби бештари сайёҳон ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мегардад.

«Мояи хушнудист, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои милати тоҷиконро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 -Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои соҳа саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ менамоянд», — изҳор дошт А. Иброҳим.

Таъкид гардид, ки дар пайи ин ташаббусҳо соли 2020 дар ҷаласаи 23-юми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои 159 давлати узв Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон гардид.

Ба иттилои Раиси Шӯро, имрӯзҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 масъалаҳои мукаммалсозии заминаи институсионалӣ, тарбияи кадрҳо, таъмини бехатарии сайёҳон, беҳтарнамоии хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтор, стандартикунонӣ ва дигар масъалаҳои рушди соҳа пешбинӣ шуда, барои татбиқи пурраи он маблағҳои муайян аз ҳисоби шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки умумиҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаи «Рушди соҳаи сайёҳӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Сармояи ҷалбшуда аз Бонки умумиҷаҳонӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байналмилалӣ расонидани мавзеи таърихию табиии «Чилучорчашма», мадрасаи «Хоҷа Машҳад», мамнуъгоҳҳои «Қалъаи Ҳулбук» ва «Қалъаи Ямчун», инчунин бунёди меҳмонхонаҳои хурд, утоқҳои қабули сайёҳон, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо ва дигар инфрасохтори ҷалбкунандаи сайёҳон дар атрофи мавзеъҳои сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон равона карда мешавад. Сармояи Бонки осиёии рушд пурра ба рушди инрфасохтор ва беҳтар намудани омори соҳаи сайёҳӣ маблағгузорӣ мегардад.

Дар ин зимн аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ даъват гардид, ки дар амалинамоии ҳадафҳои Стретегия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои он дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки иҷрои самаранок ва ҳадафмандонаи Нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бояд аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин гардида, дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

«Ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок намуда, дар ин ҷода масъулияти бевосита дошта бошем», — тазаккур дод муовини Сарвазири мамлакат.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода оид ба иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи сеюми Шӯрои байнидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Оид ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ ва чораҷӯӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати омодасозии кадрҳо муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода сухан гуфт.

Дар ҷаласаи Шўро ҳамзамон оид ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар маҳалҳо ва тадбирҳо оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузоришҳои раиси ВМКБ ва муовинони раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, раисони навоҳии тобеи марказ ва муовини раиси шаҳри Душанбе шунида шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷиҳати бартараф  намудани камбудию мушкилоти ҷойдошта, татбиқи босамари ҳадафҳои давлат оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва иҷрои босифати Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳисоботи оморӣ, дар нуҳ моҳи соли равон наздик ба як миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 қариб 20 дарсад зиёд аст.

Декабрь 1, 2019 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд