Дар Душанбе луғати ҳуқуқи байналмилалӣ ба нашр расид

Декабрь 12, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ англисӣ – тоҷикӣ — таҳти чунин унвон китоби нав аз ҷониби Субҳон Қурбонов ба нашр расид.

Фарҳанги мазкур таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон буда, 6000 ҳазор истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалиро дар бар мегирад. Ин истилоҳот бо тартиби алифбои забони англисӣ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд, ки истифодаи онҳоро осон мекунад.

Дар пешгуфтори китоб доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Саидумар Раҷабов таъкид намудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ шартномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар бораи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расонид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал ба тарҷумонҳои варзида дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ниёз дорад. Онҳо бояд донишҳои чуқур  ва васеи фарҳангиро дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дошта бошанд. Дар ин ҷода муаллиф кӯшиш намуд, ки бо тартиб додани фарҳанги англисӣ – тоҷикии ҳуқуқи байналмилалӣ дар ин кори хайр саҳмгузор бошад».

Луғати ҳуқуқи байналмилалӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар риштаи ҳуқуқи байналмилалӣ тадқиқот мегузаронанд, кормандони вазоратҳо ва муассисаҳое, ки бо равобити хориҷии мамлакат сару кор доранд, манзур мегардад.

Луғати мазкурро Шӯрои илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия кардааст.

Декабрь 12, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад