Дар шаҳри Қингдаои Чин Мусобиқаи ситораҳои дзюдо оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 12 декабр дар шаҳри Қингдаои Чин Мусобиқаи ситораҳои дзюдо оғоз гардид. Дар он чор варзишгари тоҷик: Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов иштирок доранд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо то 14 декабр идома ёфта, тибқи низомнома, дар мусобиқа 32 варзишгари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ аз рӯи раддабандии ҷаҳонии IJF дар асоси даъватнома иштирок мекунанд.
Бори аввал дар таърихи дзюдои мамлакат чор варзишгар ба ин мусобиқа даъват шуда, дар раддабандии ҷаҳонӣ Сомон Маҳмадбеков феълан дар ҷои 17-уми вазни -73 кг мавқеъ дорад. Беҳрӯз Хоҷазода дар зинаи 20-уми ҳамин вазн қарор гирифтааст. Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 18-уми вазни -90кг ва Темур Раҳимов дар ҷои 27-уми вазни +100кг мебошанд.
Тибқи иттилои сомонаи расмии IJF, дар Мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон 448 нафар варзишгарон (230 мард, 218 зан) аз 67 давлат иштирок мекунанд. Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ: 7 вазн миёни мардҳо ва 7 вазн миёни бонувон сурат мегиранд. Варзишгароне, ки ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд, дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 9 ҳазор доллари ИМА, барои ҷои дуюм 6 ҳазор доллар ва барои ду ҷои сеюм 3 ҳазор долларӣ пешбинӣ шудаанд.
Инчунин варзишгарон дар мусобиқаи мазкур соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Барои ҷои аввал 1800 хол, барои ҷои дуюм 1260 хол, барои ҷои сеюм 900 хол, барои ҷои панҷум 648 хол ва барои ҷои ҳафтум 468 хол пешбинӣ гардидааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






