Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба интихоботи парлумонӣ омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон 22 декабри соли равон интихоботи навбатии парлумонӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИӮ «УзА».
Оғози моҳи ноябр панҷ ҳизби ба интихобот роҳёфта дар ҷумҳурӣ — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ҲЛДУ), Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДУ), Ҳизби демократии Миллий тикланиш (Эҳёи миллӣ), Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон аз рӯи шумораи ҳавзаҳо мутаносибан 150 нафарӣ номзади худро мувофиқ бо миқдори округҳои интихоботӣ пешбарӣ карданд.
15 ноябр Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон ҳамаи 750 нафар номзадро ба қайд гирифт ва 18 ноябр тарғиботи пешазинтихоботӣ шурӯъ шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ ҳамчунин санаи баргузории интихоботи парлумониро дар ҷумҳурии мо таъйин намуданд.
Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ба Маҷлиси вакилони мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 март соли 2020 доир мегардад.
Ғайр аз ин, дар фармони Президенти мамлакат таъкид шудааст, ки интихоби даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 ба нақша гирифта шуда, интихоботи вакилон ба ҷамоатҳо, шаҳракҳо ва деҳот низ тибқи Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳракҳо ва деҳот» 1 март доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи қаблӣ ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2015 доир шуда буд. Он вақт Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 65,2%-и овозҳоро соҳиб шуда, пирӯз гардид.








Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






