Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба интихоботи парлумонӣ омодагӣ мебинанд

Декабрь 5, 2019 12:36

ДУШАНБЕ, 05.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ӯзбекистон 22 декабри соли равон интихоботи навбатии парлумонӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИӮ «УзА».

Оғози  моҳи ноябр  панҷ ҳизби  ба интихобот роҳёфта дар ҷумҳурӣ — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон  (ҲЛДУ), Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон (ҲХДУ), Ҳизби демократии Миллий тикланиш (Эҳёи миллӣ), Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон аз рӯи шумораи ҳавзаҳо мутаносибан 150 нафарӣ номзади худро мувофиқ бо миқдори округҳои интихоботӣ  пешбарӣ карданд.

15 ноябр Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон ҳамаи  750 нафар номзадро ба қайд гирифт ва 18 ноябр тарғиботи пешазинтихоботӣ  шурӯъ шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ ҳамчунин санаи баргузории интихоботи парлумониро дар ҷумҳурии мо таъйин намуданд.

Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ба  Маҷлиси вакилони мардумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру  ноҳияҳо 1 март соли 2020 доир мегардад.

Ғайр аз ин, дар фармони Президенти мамлакат таъкид шудааст, ки интихоби даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 ба нақша гирифта шуда,  интихоботи вакилон ба ҷамоатҳо, шаҳракҳо ва деҳот низ тибқи Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳракҳо ва деҳот» 1 март доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи қаблӣ ба палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 1 марти соли 2015 доир шуда буд. Он вақт Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   65,2%-и овозҳоро соҳиб шуда,  пирӯз гардид.

Декабрь 5, 2019 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд