ҲИФЗ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ – ВАЗИФАИ МУҲИМИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамоиш доир гардид

Декабрь 28, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Тавре дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Ҳамоишро директори пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода оғоз намуда, иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба рушди фарҳангу маданият дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки мояи рӯҳбаланди мо гардид».  Ӯ зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳифз ва рушди фарҳанги миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ аз вазифаҳои муҳими дорои аҳамияти давлатӣ унвон кардаанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин доир ба дастовардҳои Пажӯҳишгоҳ дар соли 2019 ва нақшаҳои илмӣ барои соли оянда, ки ба Паём иртиботи бевосита доранд, маълумот манзур гардид.

 «Ҳадафи асосии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарҳанг мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамаи он бандҳоеро, ки ба фаъолият дар соҳаи мо алоқаманд мебошанд, сармашқи кори худ қарор бидиҳем»,- таъкид намуд Шариф Комилзода.

Муовини директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Дилшод Раҳимӣ дар мавзӯи «Муҳимияти масъалаҳои илму фарҳанг дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат», мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ Абдулфаттоҳ Аминов дар мавзӯи «Омӯзиш ва пажӯҳиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби олимони ПИТФИ дар соли 2019» ва маърӯзаи ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Гулзира Каримова дар мавзӯи «Вазъи ҳуҷҷатҳои инвентаризатсионӣ дар бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии ПИТФИ» пешниҳод гардид.

Дар ҳамоиш муаррифии китоби тозанашри «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар замони истиқлол» аз ҷониби муаллиф – мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо таҳия гардида, дар асоси натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ таълиф шудааст. Китоб аз пешгуфтор, се бахш – вижагиҳои касбу ҳунарҳо дар ҷумҳурӣ; касбу ҳунарҳои суннатии тоҷикон; намунаҳои дигари фарҳанги ғайримоддӣ ва хулосаву рӯйхати адабиёт иборат буда, ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 нашр гардидааст.

Декабрь 28, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон