ҲИФЗ ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ – ВАЗИФАИ МУҲИМИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони «Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Тавре дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Ҳамоишро директори пажӯҳишгоҳ Шариф Комилзода оғоз намуда, иброз дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба рушди фарҳангу маданият дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки мояи рӯҳбаланди мо гардид». Ӯ зикр намуд, ки Пешвои миллат ҳифз ва рушди фарҳанги миллиро дар шароити ҷаҳонишавӣ аз вазифаҳои муҳими дорои аҳамияти давлатӣ унвон кардаанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин доир ба дастовардҳои Пажӯҳишгоҳ дар соли 2019 ва нақшаҳои илмӣ барои соли оянда, ки ба Паём иртиботи бевосита доранд, маълумот манзур гардид.
«Ҳадафи асосии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарҳанг мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамаи он бандҳоеро, ки ба фаъолият дар соҳаи мо алоқаманд мебошанд, сармашқи кори худ қарор бидиҳем»,- таъкид намуд Шариф Комилзода.
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Дилшод Раҳимӣ дар мавзӯи «Муҳимияти масъалаҳои илму фарҳанг дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат», мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ Абдулфаттоҳ Аминов дар мавзӯи «Омӯзиш ва пажӯҳиши касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби олимони ПИТФИ дар соли 2019» ва маърӯзаи ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Гулзира Каримова дар мавзӯи «Вазъи ҳуҷҷатҳои инвентаризатсионӣ дар бойгонии мероси фарҳанги ғайримоддии ПИТФИ» пешниҳод гардид.
Дар ҳамоиш муаррифии китоби тозанашри «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар замони истиқлол» аз ҷониби муаллиф – мудири бахши мероси фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо таҳия гардида, дар асоси натиҷаҳои экспедитсияҳои илмӣ таълиф шудааст. Китоб аз пешгуфтор, се бахш – вижагиҳои касбу ҳунарҳо дар ҷумҳурӣ; касбу ҳунарҳои суннатии тоҷикон; намунаҳои дигари фарҳанги ғайримоддӣ ва хулосаву рӯйхати адабиёт иборат буда, ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 нашр гардидааст.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






