ИНТИХОБОТ-2020. Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд

Декабрь 12, 2019 09:29

ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои гузаронидани интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот ташкил карда шуд. Дар робита ба ин зимни иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати панҷум қарор қабул карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 11 декабр иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Сипас, тибқи масъалаҳои рӯзнома дар ҳайати 11 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, даъвати шашум ташкил карда шуд.

Ҳамзамон меъёри интихобкунандагон ба ҳисоби миёна барои як ҳавзаи интихобот 655 нафар интихобкунанда муқаррар гардид.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 4 декабри соли 2019 корбарӣ карда шавад.

Декабрь 12, 2019 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон