Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид Оли Наҳён омадааст:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик намоям.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам”.
Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Др. Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:
“Ҷаноби Олӣ,
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату,
Аз номи Бонки Исломии Рушд мехоҳам Шуморо Ҷаноби Олӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Ман аз Худованди Бузург ба Шумо Ҷаноби Олӣ барои идомаи роҳбарии мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи рушди минбаъдаи назаррас, шукуфоӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбӣ ва муваффақиятҳоро орзумандам.
Бо истифода аз фурсати муносиб омодагии Бонки Исломии Рушдро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID-19 изҳор менамоям.
Умедворам робитаҳои мустаҳками мавҷудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар партави Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, тақвият хоҳанд ёфт.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти неки бепоёни маро бипазиред”.
Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум – Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай, Шайх Муҳаммад ибни Зоид ал-Нахайён – Валиаҳди Абу Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин Патриархи Москва ва кулли Русия Кирилл ворид гардиданд.
Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони пешвои миллат идома дорад.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






