Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Чин дар Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo»

Декабрь 24, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 24.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo», ки 20 декабри соли равон дар Пекин доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронии худ Сафир ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин намоишгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки Намоишгоҳи 7-уми байналмилалии «China-Eurasia Expo» заминаи муносибро барои ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ фароҳам меорад.

Парвиз Давлатзода афзуд, ки баргузории намоишгоҳ барои муаррифии маҳсулоти кишварҳои Аврупо ва Осиё, хусусан воридоти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин мусоидат хоҳад кард.

Акс аз ВКХ ҶТ

Декабрь 24, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд