«МАҲБУБИ ВАТАН». Ҳадяҳои маънавӣ ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ
ДУШАНБЕ, 09.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлил аз 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се маҷмӯаи нав ба табъ расиданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Хабар дода мешавад, ки китобҳои мазкур бозгӯи дастовард ва таърихи ин ҳизби сиёсӣ буда, дар онҳо мақому манзалати ин нерӯи сиёсӣ дар рушди ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат сухан меравад.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир» – ин китоб мақолаҳои илмӣ ва публисистии иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявиро, ки таҳти ҳамин унвон бо ибтикори кумиҷроияи вилоятии ҳизб доир гардида буд, фаро гирифтааст.
Муаллифони мақолаҳои маҷмӯа дар бораи нақши созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи санадҳои таърихӣ назар ва андешаҳои мушаххаси илмии худро баён кардаанд. Китоби мазкурро Саидумрон Саидов ва Субҳони Аъзамзод мураттаб сохтаанд.
«Армуғони Сухани халқ» – таҳти ин унвон ҷилди дувуми маҷмӯаи мақолаҳои нашрияи «Сухани халқ» ба табъ расид. Ин маҷмӯа беҳтарин мақолаҳои ҳайати эҷодӣ, масъулини ҳизбӣ, олимон ва коршиносону таҳлилгаронро, ки давоми солҳои 2018–2019 дар нашрияи мазкур дарҷ гардидаанд, фаро гирифтааст. Китоби мазкур таҳти назари Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён таҳия гардида, муҳаррири он Бобоҷон Қурбонов, сармуҳаррири нашрияи «Сухани халқ» мебошад.
Соли 2018 китоби нахустини «Армуғони «Сухани халқ» чоп гардида, нашри китоби дуюм идомаи ҳамон ташаббуси неки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Ҳамин гуна ташаббуси нек аз ҷониби ҳайати эҷодии нашрияи «Нигоҳи халқ» – нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастоҳ низ амалӣ гардид.
«Маҳбуби Ватан» маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва публисистие мебошад, ки бо дастгирию сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба нашр расидааст. Мураттиби китоб сардабири рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Муродулло Почозода мебошад.
Дар ин маҷмӯа 30 мақолаи илмӣ ва публисистии олимон, сиёсатмадорон, вакилони халқ, ходимони давлатию ҳизбӣ, муҳаққиқони ҷавон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷо дода шудаанд.
Китобҳои тозанашр тӯҳфаи арзандае ба муносибати 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25–умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ арзёбӣ мешаванд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






