Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 30, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 масъала ва 18 банди чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидаанд.

Баъди баррасӣ нақшаи кори Ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар бораи ҳисоботи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни амалишавии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ҳисоботи Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Стратегия тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди пурсамари соҳаи маориф дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти шароиту дурнамои рушди мамлакат таҳия гардидааст.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва Оид ба таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута дастур доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтиву босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Супоришҳо ҳамчунин вобаста ба татбиқи пурсамари нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, сабзазоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кумакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб карданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.12.2019

Декабрь 30, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносиро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зистро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулуро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои СҲИ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд