Президенти «Юнистрим» Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро навоварӣ дар самти бонкдории Тоҷикистон номид

Декабрь 6, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 06.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти низоми пардохтии байналмилалии «Юнистрим» Кирилл Палчун Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро навоварӣ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон номид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,  мавсуф 5 декабр зимни мулоқот бо муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ибрози чунин баҳогузорӣ маркази мазкурро барои рушди бозори хизматрасониҳои интиқолӣ, ки таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳоро кафолат медиҳад, муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориву васеъ намудани доираи хизматрасонӣ, арзону осон кардани хизматрасонии интиқоли маблағ ва дигар хизматрасониҳо тавассути низоми пардохтии «Юнистрим» дар ҳамкорӣ бо низоми бонкии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии «Юнистрим» ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод. Баъд аз пайваст шудан ба маркази мазкур ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ин низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо аз 6 декабри соли 2019 то ба 0,99 фоиз поён фароварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон интиқоли тамоми  маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тавассути низомҳои пардохтие, ки ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст гардидаанд, амалӣ мешаванд.

Айни замон низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази мазкур пурра пайваст шудаанд. Мақсади асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағҳо, таъмин намудани шаффофияти амалиёт ва коҳиш додани хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмин намудани устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва ба амал овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф иборат мебошад.

Декабрь 6, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд