Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 17, 2019 11:49

ДУШАНБЕ, 17.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои асосии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ошёна иборат буда, дорои 182 ҳуҷраи муосиру барҳаво барои фаъолияти кормандон аст.

Ҳамчунин дар бинои навбунёд толори барҳаво бо 300 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст, ки барои гузаронидани ҷамъомад ва маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.

Дар ин ҷо ҳамзамон 2 хуҷраи конфронсию машваратӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта шудааст.

Бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои китобхонаи муосир мебошад, ки бо адабиёти соҳавӣ ва бадеӣ таъмин аст. Кормандони Агентӣ метавонанд аз китобхонаи электронӣ низ, ки бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст мебошад, ба таври васеъ истифода баранд.

Масоҳати умумии бинои сохташуда 12 ҳазору 216 метри мураббаъ буда, аз биноҳои 7 ва 2- ошёнагӣ бо таҳхонаву таваққуфгоҳ иборат аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми бинои асосӣ китобхона, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, навбатдорӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва корӣ мавҷуданд.

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин рӯз ба кормандони Агентӣ 175 адад компютери муосир тақдим карда шуд.

Аз иқдомҳои шоиставу беназири Сарвари давлат ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият кулли кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аксари онҳо ҷавонони соҳибтахассус ва дорои қобилияти баланди касбӣ мебошанд, изҳори супосу минатдорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кории раёсатҳои Агентӣ ҷойгир карда шуда, таҳхонаи он барои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар бинои нав барои машқу тамрин ва обутоби бадани кормандон толори барҳавои варзишӣ низ сохта шудааст, ки коргарон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои таъмини бино бо неруи барқ ва гармӣ зеристгоҳи барқӣ бо ду адад трансформатор ва таҷҳизоти гармидиҳӣ насб гардидааст.

Бинои нави Агентӣ дорои гузаргоҳи назоратӣ, 143 нуқтаи камераҳои дохилӣ ва 19 нуқтаи камераҳои мушоҳидавии берунӣ мебошад.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ барои ободу зебо кардани муҳити атроф ва саҳни ҳавлии Агентӣ корҳои мушаххас анҷом ёфтаанд.

Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамоварда дар бинои навбунёд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Ифтитоҳи бинои нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2019

Декабрь 17, 2019 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд