Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ҷараёни татбиқи марҳилаи якум ва дуюми сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» шинос шуд.
Айни замон дар марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар», ки 33,2 километрро ташкил медиҳад, 250 нафар бо истифодаи беш аз 120 техникаву механизми роҳсозӣ дар 35 қитъа корҳоро бо сатҳу сифати баланд иҷро мекунанд. Аз шумораи умумии кормандон 92 дарсадашро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида шуда, паҳноии роҳ аз 16 ба 25 метр баробар карда мешавад.
Тибқи нақша зимни таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор хатти ҳаракат расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст. Муҳлати сохтмони марҳилаи якуми роҳ 3 сол муайян шуда, он бояд соли 2020 мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Дар татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» дар маҷмуъ 360 нафар бо 102 нақлиёт ба кор ҷалб карда шудаанд, ки айни замон дар 33 нуқта 170 нафар бо 74 техникаю механизми роҳсозӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи дуюм низ аз шумораи умумии коргарон 80 дарсадаш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.
Марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмон ва навсозии шоҳроҳи «Душанбе-Бохтар» 39, 6 километрро дар бар гирифта, мувофиқи лоиҳа дар ин қитъа сохтмони як пул, 46 адад қубури обгузар, мавзеи чорвогузар, 18 адад истгоҳ ва 3 адад гузаргоҳ сохта шуда, роҳ ба категорияи якуми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда марҳилаи дуюми шоҳроҳи мазкур соли 2021 ба истифода дода хоҳад шуд.
«Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ» яке аз ҳадафҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои сифатан беҳтар намудани роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз соли 2011 Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 амалӣ мегардад, ки тибқи он дар ҳудуди ҷумҳурӣ бунёду таҷдиди роҳҳо ва дигар иншооти соҳа идома дорад.
Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва ободу зебо гардонидани атрофи шоҳроҳи мазкурро оғоз намуда, ҳамзамон бо вусъат бахшидани ҷараёни корҳои сохтмону навсозӣ иншооти мазкурро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгў ба талаботи замон ба истифода супоранд.















Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод баррасӣ шуд
Дар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 7 ҳазор килограмм пиллаи хушсифат истеҳсол карда мешавад
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Bishkek International Tourism Fair 2026» иштирок намуданд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи 59-уми Шурои мудирони Бонки Осиёии рушд иштирок намуд
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
Нишасти Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба рақамикунонӣ баргузор гардид
Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон ба шарикони рушд муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон бо Швейтсария ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳад
Фурӯши ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен кишти зироат идома дорад
Дар бозори марказии Пенза барои фурӯши хушкмеваҳои Тоҷикистон гӯшаҳои махсус ҷудо карда шуданд






