ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН: мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 05.12.2019. /АМИТ Ховар/. Бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботии соли 2020, вохӯрию суҳбатҳои аъзои КМИР ҶТ дар вилояти Суғд идома дорад. Вохӯрии навбатӣ 4 декабр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар мулоқот Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати адлия, сохторҳои марбутаи вилоят, роҳбарият ва доираи васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат доштанд.
Зимни мулоқот иштирокдорон доир ба баргузории маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар як интихобкунанда ибрози андеша намуда, инчунин дар мавзӯъҳои “Интихобот- ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ”, “Илму маърифат — асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон”, “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он”, “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон- омили таҳкими субот дар ҷомеа” сухан гуфтанд.
Зимни мулоқот иштирокдорон донишҷӯёнро ба эҳтиром намудани арзишҳои миллӣ, шомил нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ташкилоти террористӣ, омӯхтани илму дониш, дӯст доштани модар, Ватан ва ҳифзи анъанаи неки ниёгон даъват намуданд.








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ






