Вакилони мардумӣ Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларусро тасдиқ намуданд

Декабрь 11, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро тасдиқ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода зимни шарҳи Шартнома дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки роҳандозии муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Беларус дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

«Тоҷикистону Беларус дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд», — афзуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро моҳи июни соли равон дар шаҳри Минск сарони ду давлати дӯст — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.

«Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай хусусияти шарикии стратегӣ касб кардааст, баҳои баланд медиҳад»,-гуфта буданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, ки дар шаҳри Минск доир гардид.

Татбиқи муқаррароти ин шартнома, — гуфт муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  робитаҳои ду мамлакати дӯстро ба сатҳи сифатан нави ҳамкории дарозмуддат мебарорад.

Гуфта шуд, ки Шартнома аз 15 модда иборат буда, муқаррароти  он ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои асосии таъмину таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамгироии ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва дигар соҳаҳои мутақобилан судманди дуҷониба мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Беларус дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД робитаҳои дуҷонибаи судманд ба роҳ мондаанд.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 11, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад