Вакилони мардумӣ Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларусро тасдиқ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро тасдиқ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Масъалаи мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода зимни шарҳи Шартнома дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки роҳандозии муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Беларус дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.
«Тоҷикистону Беларус дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд», — афзуд мавсуф.
Бояд гуфт, ки Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусро моҳи июни соли равон дар шаҳри Минск сарони ду давлати дӯст — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко имзо гузоштанд.
«Тоҷикистон ба робитаҳои дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ бо Ҷумҳурии Беларус, ки аллакай хусусияти шарикии стратегӣ касб кардааст, баҳои баланд медиҳад»,-гуфта буданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус, ки дар шаҳри Минск доир гардид.
Татбиқи муқаррароти ин шартнома, — гуфт муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, робитаҳои ду мамлакати дӯстро ба сатҳи сифатан нави ҳамкории дарозмуддат мебарорад.
Гуфта шуд, ки Шартнома аз 15 модда иборат буда, муқаррароти он ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои асосии таъмину таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва сулҳу субот, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди ҳамгироии ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ ва дигар соҳаҳои мутақобилан судманди дуҷониба мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Беларус дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, САҲА, ИДМ ва СААД робитаҳои дуҷонибаи судманд ба роҳ мондаанд.
Акс аз бойгонӣ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






