«ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН…». Суруди миллӣ — ҳидоятномае ба сӯи иттиҳоду сарҷамъӣ

Декабрь 12, 2019 15:28

ДУШАНБЕ, 12.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ташаббуси аҳли илм ва маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи субҳгоҳон пеш аз оғози дарсҳо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи намояндагони соҳа ва дигар идораю муассисаҳо  ҳамовозии зиёдеро  ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба мавзӯъ, андешаҳои Мамнур НУРЗОДА, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро манзури хонандагони АМИТ “Ховар” мегардонем.

Вақте тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи пешниҳоди аҳли илму маърифати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавриди қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ ба таври зинда хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор шудам, вуҷудамро бори дигар эҳсоси гарми ватандӯстиву муҳаббат ба рамзҳои асосии давлатӣ фаро гирифт.

Дар ҳақиқат лаҳзаи садо додани Суруди миллӣ инсон болидахотир ва сарфароз мегардад. Агар мушоҳида намоем, дар ҷомеа сурудҳо зиёданд ва ҳар кадоме байни мардум ҳаводорони худро доранд. Хушбахтона, Суруди миллӣ ягона суруд ва ҳидоятномаест, ки мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳ, дӯстиву ҳамзистӣ даъват ва раҳнамоӣ мекунад. Албатта, ҳар як фард аз домони поки модар дар оғӯши гуҳарбори меҳан ба дунё омада, Ватанро бо баҳои ҷони худ дӯст медорад. Аз ин нуқтаи назар дӯст доштани Ватан аз дӯст доштан ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ сарчашма мегирад.

Вақте Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, ба ифтихорашон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад.

Вақте варзишгаре дар мусобиқае ғолибият ба даст меоварад, ба ифтихораш Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.

Вақте иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси вакилони халқ ва ё ҷаласаи расмие баргузор мегардад ва дар он Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад, чӣ гуна моҳият ва шаҳомати он баланд мегардад.

Аҳамияти қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ садо додани Суруди миллӣ дар он аст, ки хонандагону донишҷӯён ҳамчун насли имрӯз ва ояндасоз бо таманниёти сарбаландиву ҷовидонии Тоҷикистони муқаддас онро бо ғуруру муҳаббати саршори ватандӯстӣ қироат намуда, бо итминон изҳор медоранд, ки бахту саодат, ному нанг, бақову мароми ҷисму ҷон, ҳастиву ҷовидонии мо Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол аст.

Мо, ҷавонон ташаббуси омӯзгорони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳамовозии хешро дар амалӣ гардидани ин ташаббуси неку наҷиб, ки ба эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандории насли шоистаи замон равона шудааст, баён медорем.

Мамнур НУРЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита
бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Декабрь 12, 2019 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд