ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ёвон бинои нави филиали «Спитамен Бонк» ифтитоҳ гардид

Январь 10, 2020 14:06

ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.   Дар  маркази  шаҳри Ёвон  бинои нави филиали «Спитамен Бонк»  ба кор оғоз кард. Ифтитоҳи филиал дар фазои тантанавӣ бо садои карнаю сурнай сурат гирифт.

Дар маросими тантанавии   ифтитоҳи  ин муассиса    муовини якуми Раиси «Спитамен Бонк»   Умедҷон Ҳикматов, и.в Раиси шаҳри Ёвон Ҷамшед Саидзода, муовини аввали Раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Маросими расмии буридани лентаи сурх ба фаъолияти расмии филиал оғоз бахшид. Пас аз қисмати тантанавии ифтитоҳ, иштироккунандагон аз филиал дидан намуда, бо кормандони бонк шинос шуданд, инчунин бо роҳҳои нави хизматрасонии технологӣ ба мизоҷон шинос гардиданд.

Меҳмонони ҳамоиш ба интихоби васеи маҳсулоту хизматрасониҳои бонкӣ ва минтақаи бароҳат барои муштариён мароқ зоҳир намуданд. Ороиши дохилӣ ва берунии филиал комилан ба ҳувияти корпоративии бонк ва меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ба мизоҷон мувофиқ мебошад.

Зимни маросим сардори Департаменти маркетинг ва рушди тиҷорати бонки мазкур Ҳусейн Абдураҳмонов иброз намуд, ки «ҳадафи асосии ифтитоҳи бинои нави филиал дар шаҳри Ёвон- ин наздиктар шудан ба мардум, фароҳам овардани номгӯи пурраи маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ мебошад. Дафтари нави хизматрасонӣ дар ҷои мувофиқ барои ташриф ҷойгир аст. Мо кӯшиш намудем, ки шароити хизматрасониро барои мизоҷон фароҳам созем. Ғайр аз ин, яке аз самтҳои фаъолияти «Спитамен Бонк» мусоидат дар рушди минтақаҳо мебошад. Инро ба назар гирифта, мо кӯшиш менамоем, ки барои фароҳам овардани шароит ба рушди тиҷорати хурду миёна диққати махсус диҳем ва ба таҳкими бахши молиявӣ дар минтақаҳое, ки дар он ҷо «Спитамен Бонк» мавҷуд аст, саҳм гузорем».

Январь 10, 2020 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд