Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Иди касбии кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 январ таҷлил мешавад, дар толори Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода зимни ҳамоиш кулли кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни касбӣ самимона табрик карда, иброз намуд, ки бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ фароҳам оварда шуда, ҷойи он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян ва салоҳияту ваколатҳояш дақиқ гардид.
Зикр гардид, ки хизматҳои кормандони Агентӣ ва саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат ҳамеша қадр карда шуда, то имрӯз якчанд нафар кормандон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии хизматӣ сарфароз гардонида шуданд.
Директори Агентӣ махсусан аз ғамхории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 декабри соли 2019 барои кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ бинои нави маъмуриро ба истифода доданд, ёдовар шуда, барои ин дастгириҳо ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос намуд. «Маҳз ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Агентӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд»,-гуфт мавсуф.
Сулаймон Султонзода дар ин рӯз дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуд.
Сипас вобаста ба таҷлили ин санаи муҳим як гурӯҳ кормандони Агентӣ маърӯзаҳо намуда, дар бораи дастоварду муваффақиятҳои мақомот тайи 13 соли фаъолият ибрози андеша карданд.
Дар охири ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни касбӣ якчанд нафар кормандони мақомот барои намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, садоқатмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.








Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд






