Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Январь 10, 2020 15:02

ДУШАНБЕ, 10.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба  муносибати Иди касбии кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 10 январ таҷлил мешавад, дар толори Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода зимни ҳамоиш кулли кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни касбӣ самимона табрик карда, иброз намуд, ки бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти Агентӣ фароҳам оварда шуда, ҷойи он дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ муайян ва салоҳияту ваколатҳояш дақиқ гардид.

Зикр гардид, ки хизматҳои кормандони Агентӣ ва саҳми онҳо дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат ҳамеша қадр карда шуда, то имрӯз якчанд нафар кормандон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии хизматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Директори Агентӣ махсусан аз ғамхории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 декабри соли 2019 барои кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ бинои нави маъмуриро ба истифода доданд, ёдовар шуда, барои ин дастгириҳо ба Пешвои муаззами миллат изҳори  сипос намуд. «Маҳз ҳидояту раҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони Агентӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд»,-гуфт мавсуф.

Сулаймон Султонзода дар ин рӯз дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу намуд.

Сипас вобаста ба таҷлили ин санаи муҳим як гурӯҳ кормандони Агентӣ маърӯзаҳо намуда, дар бораи дастоварду муваффақиятҳои мақомот тайи 13 соли фаъолият ибрози андеша карданд.

Дар охири ҳамоиши тантанавӣ  бахшида ба ҷашни касбӣ якчанд нафар кормандони мақомот барои намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, садоқатмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.

Январь 10, 2020 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд