Чаро дар бисёр биноҳои баландошёна лифтҳо кор намекунанд? Посухи Санъат Раҳим дар робита ба он

Январь 28, 2020 15:01

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чаро дар бисёр биноҳои баландошёна лифтҳо кор намекунанд? Ба ин саволи хабарнигорон сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:

-Имрӯз на танҳо дар шаҳри Душанбе,  балки дар ҷумҳурӣ низ биноҳои баландошёна бо лифтҳои фаъол таъминанд. Аммо тарзи дуруст истифода бурдани онҳо аз худи шаҳрвандон вобаста аст. Бояд истиқоматкунандагони биноҳои баландошёна лифтҳоро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доранд. Лифт барои кашондани одамон пешбинӣ шудааст, аммо мутаассифона, шаҳрвандон масолеҳи сохтмониашонро ҳам дар лифти одамкаш боло мебардоранд, ки ин ба риоя накардани таъмини техникаи бехатарӣ оварда мерасонад, — тазаккур дод номбурда.

Зимни нишаст зикр гардид, ки шумораи умумии лифтҳо дар шаҳри Душанбе аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 818 ададро ташкил дода, то ҳол бо иваз гардидани баъзе аз таҷҳизоташон фаъолият доранд. “Аз ҷумла, дар ноҳияи Фирдавсӣ 171 адад, ноҳияи Шоҳмансур 122 адад, ноҳияи Сино 362 адад ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ 163 адад фаъолият доранд. Дар ин кор шаҳрвандон ҳам бояд мусоидат кунанд ва дастаҷамъона дар ободонии Ватан саҳмгузор бошанд”,- гуфта шуд дар нишаст.

Ҳамчунин дар мавриди норасоии кадрӣ дар хадамоти мазкур зикр карда шуд, ки дар мамлакат мутахассисони соҳавӣ омода карда мешаванд.

Санъат Раҳим гуфт: “Мо соли гузашта 1571 нафар корманд аз рӯи ихтисосҳои кафшергар, таркишгар, маркшейдер, геолог, устои кӯҳӣ, идоракунандаи механизмҳои борбардор, пармагар омода намудем, ки коргарони баландихтисоси соҳаи кӯҳкорӣ мебошанд. Мо ниёз ба мутахассиси хориҷӣ надорем”.

Ҳамчунин зикр гардид, ки  дар хадамоти мазкур мутахассисони тоҷик  то 90- 95 фоизро ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дар хадамот 2173 корхона ва 9833 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 259 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 241 назорати нақшавӣ ва 18 назорати ғайринақшавӣ гузаронида шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида,  барои бартарафкунӣ ва ислоҳи кабудиҳо муҳлати муайян дода шудааст.

Январь 28, 2020 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамолиддин Абдуллозода ва Чин Ван Фечнао доир ба коркарди гиёҳҳои шифобахш мубодилаи афкор намуданд
Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид»-и Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
Дар ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъи муҳоҷират баррасӣ шуд
Беҳтарин тараннумгарони Ватан муайян гардиданд
Душанбе мизбони ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ АДВОКАТҲО. Асоси ислоҳоти ниҳоди адвокатураи Тоҷикистонро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ташкил медиҳад
«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Кӯлоб Конференсияи IV байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт расиданд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 10 ҳазор ҷавони гуногункасб Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил шуд
Дар Озарбойҷон оид ба масъалаҳои оила, занон ва кӯдакон дар самти баробарии гендерӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонон доир шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши занону духтарони шаҳри Душанбе баргузор гардид