Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон мулоқоти судманд доир гардид

Январь 25, 2020 13:14

ДУШАНБЕ, 25.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Қодирзода, устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибов ва Далер Қодиров ва устодону донишҷӯён оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки интихобот шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад. Мувофиқи моддаи 1-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи маҷлиси вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ «интихобот ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати панҷ сол гузаронида мешавад».

Абдуҷаббор Қодирзода изҳор дошт, ки 4 декабри соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.

Тибқи фармони мазкур, интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот 1 марти соли 2020 доир мегардад. Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.

Ҳамчунин зикр гашт, ки бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи парлумонӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат 46 ҳавзаи интихоботӣ ва дар хориҷи мамлакат, дар 30 давлати ҷаҳон 39 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудаанд.

Ҳамзамон Муҳаммадҷон Соҳибов вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар интихоботи порлумонӣ иброз намуд, ки интихобот роҳи аз ҳама беш интишорёфтаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии давлат буда, ҳамзамон дар ҷомеаи муосир ҳамчун низоми аз ҳама бештар демократии ташаккули сохторҳои роҳбарӣ ва идоракунии давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, табиист, ки ҳуқуқ ба ширкат дар интихобот, яъне интихоб намудан ва ё интихоб шудан аз ҳуқуқҳои волотарини ҳар як фарди ҷомеа шинохта шудааст. Дар баробари ин, таъмини иштироки фаъоли шаҳрвандон дар интихобот яке аз ҳадафҳои роҳбарияти сиёсии ҳар гуна кишвар мебошад.

 

Январь 25, 2020 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон