Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №20 ба фаъолият оғоз менамояд

Январь 4, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 04.01.2020. /АМИТ  «Ховар»/.  Шурӯъ аз 8  январ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе   хатсайри нави автобусии №20, маҳаллаи Пахтакор — собиқ мағозаи «Волга»  (ДОК) ба фаъолият оғоз менамояд.   Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои  Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд. 

Дар ин бора аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Дар ин робита,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  аз  сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳиш менамояд, ки  аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» истифода баранд.  Дар хатсайри мазкур низ  пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Январь 4, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид