Дар Душанбе Конференсияи ХХХ ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид

Январь 22, 2020 17:10

ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Конференсияи ХХХ ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигар вакилон аз ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд.

Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар идоракунии давлат маҳсуб мешавад. Зимнан метавон гуфт, ки ҳангоми баргузории ин маъракаи сиёсӣ тамоми сокинони мамлакат ба ҳам омада, якдилона дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи он саҳм мегузоранд.

Дар конференсия зикр шуд, ки интихобот барои муттаҳидии ҷомеа ва рушди демократия мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.

 

Январь 22, 2020 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон