Дар Хатлон ба намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ усулҳои ҳифзи шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро омӯзониданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба кормандони ширкатҳои сайёҳии вилояти Хатлон тарзи банақшагирии чораҳо оид ба ҳифзи сайёҳон аз ҳолатҳои фавқулода ҳангоми сафарҳо, ҳамчунин бақайдгирии онҳо дар Тоҷикистон омӯзонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат хабар медиҳад.
Бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷонибаи судманд ва танзими фаъолияти сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои амалишаванда бахшида ба Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар шуъбаи байниминтақавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба минтақаи Кӯлоб барои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, ки дар қаламрави вилояти Хатлон амал мекунанд, курсҳои омӯзишӣ ташкил карда шуданд.
«Санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш ва ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории ширкатҳои сайёҳӣ бо Кумитаи мазкур баррасӣ гардиданд», — иттилоъ доданд аз Кумита.
Дар бобати таҳкими ҳамкории минбаъдаи ширкатҳои сайёҳӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва тарғиби сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён техника ва таҷҳизоти махсусе, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамарӯза аз он истифода мебаранд, намоиш дода шуданд.








Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст






