Дар Хуҷанд оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 8.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор шуд.
Ноиби ректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева вохӯриро ифтитоҳ намуда, доир ба ҳадафи мулоқот маълумот дод.
Дар вохӯрӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Рухсора Давлатзода ва мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои стратегии давлатие мебошад, ки тамоми самтҳои зиндагии моро фаро мегирад.
Зимни маърӯзаҳо иброз гардид, ки саҳми бузургу беназири Пешвои миллат дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бағоят бузург аст.
Дар идома меҳмонон дар мавриди паҳлӯҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози андеша намуда, таъкид карданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳо ба ҳисоб меравад.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






