Дар Кумитаи рушди маҳал натиҷаҳои фаъолияти соли 2019-ро баррасӣ намуданд

Январь 3, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 03.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 3 январ дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2019  ва вазифаҳои минбаъдаи воҳидҳои сохторӣ барои соли 2020  ҷамъбаст карда шуд.

Раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз дошт, ки «эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бунёди иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди маҳал нақши муҳим дошта, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат барои пешрафти иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии маҳал шаҳодат медиҳад».

Сармутахассиси Раёсати кор бо мақомоти маҳаллии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Раҷабиён аз саҳми Кумитаи рушди маҳал дар ташкилу баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки муҳтавои он аз вусъат додани корҳои ободонӣ ва бедор кардани ҳисси зебоипарастии сокинони мамлакат иборат буд, ёдовар гардид.

Мавсуф иброз намуд, ки ташкили чунин озмун имкон дод дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои ободонию созандагӣ тақвият дода шаванд. Инчунин дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои аҳолинишини деҳоту шаҳрак ва деҳаю маҳаллаҳо обод гардида, гулҳои гуногун шинонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Кумитаи рушди маҳал дар ташкилу баргузории чорабиниҳои дигари сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва таъмини иҷрои онҳо, анҷом додани корҳои бунёдӣ дар маҳал ба муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон назарас мебошад.

Дар фарҷом Қосим Роҳбар ба воҳидҳои сохтории Кумита  вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 дар бораи банди 34-и Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки озмуни шаҳрак ва деҳоти беҳтарин дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон гардида буд,   гузаронидани суҳбатҳо бо адибону шоирон, ҷалби кормандон ба китобхонӣ ва  ташкил намудани китобхона дар Кумита  супоришҳои мушаххас дод.

Январь 3, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид