Дар маъракаи «Корвони саломатӣ» ба зиёда аз 8000 нафар шаҳрванд хизмати тиббии ройгон расонида шуд

Январь 30, 2020 10:08

ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби духтурони «Корвони саломатӣ» дар деҳаҳои  ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регари ноҳияи Турсунзода   маъракаи марказонидашудаи  тиббию   машваратии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Ҳайати мазкур давоми 10 рӯз беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, чернобилчиён, шахсони муътабар  ва дигар ниёзмандонро  хона ба хона хабар гирифта, аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо машваратҳо доданд. Ҳамзамон  дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои  саломатии деҳот  тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ  ба  зиёда аз  8000 нафар шаҳрванд хизматрасонии тиббии ройгон расонида шуд.

Маъракаи мазкур дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» гузаронида шуда, мақсади он аз пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳли ҷомеа ва баргузории муоинаи  саривақтии сокинон   иборат буд.

Барои  дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи мазкур гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои  сабти  барқии дил,  ултрасадо ва  нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳизоти  баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайра маълумот пахш гардиданд. Ҳамзамон ба модарони ҷавон моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд.

Дар асоси дастури раиси шаҳр маъракаи мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад.

Январь 30, 2020 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд