Дар Минск аъзои Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот менамоянд

Январь 29, 2020 10:56

 ДУШАНБЕ, 29.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 январ дар қароргоҳи марказии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск таҳти раёсати Ӯзбекистон  бори нахуст дар ин сол ҷаласаи  Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои  иштирокдорони ИДМ дар назди мақомоти низомномавӣ ва дигар ташкилоти Иттиҳод баргузор мегардад, хабар  медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов дар бораи нуктаҳои асосии Консепсияи раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ дар соли 2020 ва чорабиниҳое, ки мутобиқи Нақшаи татбиқи онҳо пешбинӣ гардидаанд, гузориш медиҳад.

Намояндагони доимии ваколатдор лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақилро, ки 3 апрели соли 2020 дар Қазоқистон доир мегардад, таҳия месозанд.

Нақшаи кори  Шӯрои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳо- иштирокчиёни Иттиҳод  дар назди ташкилотҳои низомномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод барои соли 2020 баррасӣ ва тасдиқ  мешавад.

Ба ғайр аз ин,  аъзои Шӯро номзадии роҳбарони гурӯҳи мушоҳидонро аз ИДМ ба интихоботи ғайринавбатӣ ва  Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойчон, ки  9 феврали соли 2020 таъйин шудааст ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 1 марти соли 2020 доир мегардад, мувофиқа менамоянд.

ДАР АКС: Дар марказ — узви Шӯро, Сафири ҶТ  дар Беларус, Намояндаи доимии ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти  низомномавӣ  ва дигар ташкилоти ИДМ  Маҳмадшариф  Ҳақдод. Акс аз бойгонӣ.

Январь 29, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард