Дар ноҳияи Деваштич бо аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботӣ семинари дастурдиҳӣ гузарониданд

Январь 21, 2020 14:56

ДУШАНБЕ, 21.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич бо ибтикори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини комиссияи ҳавзаи интихоботи якмандатаи «Деваштич» №24 семинари дастурдиҳӣ ба аъзои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкаҳои интихоботии дахлдор баргузор гардид.

Зимни семинар доир ба корҳои  анҷомёфта  маълумот пешкаш гардида, инчунин доир ба нақшаҳои минбаъда низ дастурҳои дахлдор дода шуд.

Зикр гардид, ки маъракаи интихобот ба мақомоти намояндагии сатҳи гуногун — ин на танҳо як маъракаи муҳими сиёсӣ, балки шаҳодати волои амалишавии демократия буда, иштироки бевосита ва бавоситаи шаҳрвандон дар идоракунии давлат мебошад. Аз ин рӯ ҳар  нафари масъул бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ин маърака дар рӯҳияи баланд сурат гирад.

Дастур дода шуд, ки дар участкаҳои интихоботӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, бо интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихобот бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шаванд, барои мушоҳидачиёни миллию байналмилалӣ ҷойҳои мувофиқу мусоид ташкил карда шуда, муносибати хуби муошират ба роҳ монда шавад, участкаҳои интихоботӣ ба тамоми талаботи зарурӣ ҷавобгӯ буда, барои интихобкунандагоне, ки бинобар вазъи саломатӣ иштирокашон дар интихобот имконнопазир аст, қуттиҳои сайёр ташкил карда шаванд.

Дар хотимаи семинари дастурдиҳӣ зикр гардид, ки мақомоти дахлдори давлатӣ барои мувофиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида баргузор шудани интихобот тамоми шароити баробарро барои ҳар номзад ва ҳизбҳои сиёсӣ фароҳам овардааст.

Дар ин кори басо муҳим масъулиятшиносиву мавқеи устувори шаҳрвандии ҳар як мутасаддӣ талаб карда мешавад, зеро саҳмгузорӣ дар интихобот – ин шараф аст.

Январь 21, 2020 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон